https://sputnik.tj/20251107/tojikiston-qatarro-mablaghguzori-nbo-roghun-davat-1072735991.html
Тоҷикистон Қатарро барои маблағгузории бештар ба НБО “Роғун” даъват кард
Тоҷикистон Қатарро барои маблағгузории бештар ба НБО “Роғун” даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Фонди Қатар оид ба рушд дар баробари 12 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар идомаи сохтмони НБО “Роғун” сармоягузорӣ карда буд
2025-11-07T09:36+0500
2025-11-07T09:36+0500
2025-11-07T09:36+0500
дар тоҷикистон
молия
нбо "роғун"
энергетика
маблағгузорӣ
маблағгузорӣ ба нбо
қатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067796990_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_026794411eee1ea4beb60a8e1ac4a45a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя - Sputnik.Масъалаҳои ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус Неругоҳи барқи обии “Роғун”дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Давлати Қатар Алӣ бин Аҳмад Ал - Куварӣ баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон хабар ддааст.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти вазирони молияи Тоҷикистону Қатар дар пойтахти ин кишвар сурат гирифт.Қайд гардидааст, ки зимни мулоқот вазири молияи Тоҷикистон аз раванди сохтмони лоиҳаи афзалиятноки кишвар - НБО “Роғун” -маълумот дод.Вазири тоҷик аз нақши лоиҳаи мазкур дар таъмини амнияти энергетикии натанҳо Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ, афзоиши иқтидори содироти нерӯи барқ ва таъсири иҷтимоию иқтисодӣ таъкид кард.Вай аз ҳамтои қатариаш даъват кард, ки ниҳодҳои дахлдори Давлати Қатар барои идомаи сохтмони иншооти НБО Роғун маблағгузории иловагӣ намоянд.Дар ҳамин ҳол, вазири молияи Қатар омодагии худро барои мусоидат ба мақомоти дахлдори Қатарӣ, аз ҷумла Фонди Қатар оид ба рушд (QFFD) ва Бонки Қатарии рушд (QDB) барои маблағгузорӣ намудан ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, махсусан НБО Роғун, баён намуд.Манбаъ ёдовар шудааст, ки Фонди Қатар оид ба рушд дар баробари 12 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар идомаи сохтмони НБО “Роғун” сармоягузорӣ намудааст.Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи фаъол ва татбиқи натиҷабахши лоиҳаҳо таъкид намуданд.Ҳамзамон дар ин мулоқот вазири молияи Тоҷикистон ҳамтои қатарии худро ба Тоҷикистон даъват кард то аз наздик аз лоиҳаҳои татбиқшаванда, бахусус иншооти НБО Роғун шинос шавад.Дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷониби қатарӣ даъватро хуш пазируфтаааст.
https://sputnik.tj/20251105/omodagi-bonki-qatarii-rushd-mablaghguzori-roghun-1072688346.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067796990_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_554c80cdd452c186c959bc9b2376bded.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роғун, нбо роғун, сохтмон, маблағгузорӣ, қатар, сармоя, даъват, молия,
тоҷикистон, роғун, нбо роғун, сохтмон, маблағгузорӣ, қатар, сармоя, даъват, молия,
Тоҷикистон Қатарро барои маблағгузории бештар ба НБО “Роғун” даъват кард
Қаблан Фонди Қатар оид ба рушд дар баробари 12 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар идомаи сохтмони НБО “Роғун” сармоягузорӣ карда буд
ДУШАНБЕ, 7 ноя - Sputnik.Масъалаҳои ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус Неругоҳи барқи обии “Роғун”дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Давлати Қатар Алӣ бин Аҳмад Ал - Куварӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон хабар ддааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти вазирони молияи Тоҷикистону Қатар дар пойтахти ин кишвар сурат гирифт.
Қайд гардидааст, ки зимни мулоқот вазири молияи Тоҷикистон аз раванди сохтмони лоиҳаи афзалиятноки кишвар - НБО “Роғун” -маълумот дод.
Вазири тоҷик аз нақши лоиҳаи мазкур дар таъмини амнияти энергетикии натанҳо Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ, афзоиши иқтидори содироти нерӯи барқ ва таъсири иҷтимоию иқтисодӣ таъкид кард.
Вай аз ҳамтои қатариаш даъват кард, ки ниҳодҳои дахлдори Давлати Қатар барои идомаи сохтмони иншооти НБО Роғун маблағгузории иловагӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, вазири молияи Қатар омодагии худро барои мусоидат ба мақомоти дахлдори Қатарӣ, аз ҷумла Фонди Қатар оид ба рушд (QFFD) ва Бонки Қатарии рушд (QDB) барои маблағгузорӣ намудан ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, махсусан НБО Роғун, баён намуд.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки Фонди Қатар оид ба рушд дар баробари 12 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар идомаи сохтмони НБО “Роғун” сармоягузорӣ намудааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи фаъол ва татбиқи натиҷабахши лоиҳаҳо таъкид намуданд.
Ҳамзамон дар ин мулоқот вазири молияи Тоҷикистон ҳамтои қатарии худро ба Тоҷикистон даъват кард то аз наздик аз лоиҳаҳои татбиқшаванда, бахусус иншооти НБО Роғун шинос шавад.
Дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷониби қатарӣ даъватро хуш пазируфтаааст.