https://sputnik.tj/20251105/omodagi-bonki-qatarii-rushd-mablaghguzori-roghun-1072688346.html
Омодагии Бонки Қатарии Рушд барои маблағгузорӣ ба НБО "Роғун"
Омодагии Бонки Қатарии Рушд барои маблағгузорӣ ба НБО "Роғун"
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Бонки Қатарии Рушд дар дидор бо мақомоти Тоҷикистон кишвар ваъда доданд, ки лоиҳаҳои афзалиятноки кишварро дастгирӣ хоҳанд кард
2025-11-05T14:49+0500
2025-11-05T14:49+0500
2025-11-05T14:49+0500
дар тоҷикистон
қатар
ҳамкорӣ
энергетика
нбо "роғун"
сармоя
ҷалб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/05/1072686309_203:323:2048:1361_1920x0_80_0_0_25157ddea011a1f701418a0344330bf5.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вазири молияи Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар мулоқот бо Директори генералии Бонки Қатарии Рушд (QDB), Абдулраҳмон Ҳешам Ал – Совадӣ, ки дар шаҳри Даҳваи Давлати Қатар сурат гирифт масоили ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ кард.Дар ин мулоқот вазири молия доир ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" маълумоти муфассал пешниҳод намуда, нақши онро дар таъмини амнияти энергетикӣ, тавсеаи содироти нерӯи барқ ва рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар шарҳ дод.Дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инфрасохтор, саноат, маориф, тандурустӣ, рақамикунонӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Дар ҳамин ҳол, Директори Бонки Қатарии Рушд омодагиашро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи НБО "Роғун" ва ҳамчунин дастгирии дигар лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд.Қайд карда шудааст, ки мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо маблағгузории Бонк омодагии ҳамаҷониба баён намуданд.Дар фарҷоми вохӯрӣ аз Директори Бонк даъват карда шуд, ки аз лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус НБО "Роғун" аз наздик дидан намоянд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/47017
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/05/1072686309_188:0:2048:1395_1920x0_80_0_0_b26756e325927c265ae9b1fe23ff265a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатар, ҳамкорӣ, сармоя, маблағгузорӣ, нбо роғун, сармоягузорӣ, бонки қатарии рушд
тоҷикистон, қатар, ҳамкорӣ, сармоя, маблағгузорӣ, нбо роғун, сармоягузорӣ, бонки қатарии рушд
Омодагии Бонки Қатарии Рушд барои маблағгузорӣ ба НБО "Роғун"
Намояндагони Бонки Қатарии Рушд дар дидор бо мақомоти Тоҷикистон кишвар ваъда доданд, ки лоиҳаҳои афзалиятноки кишварро дастгирӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вазири молияи Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар мулоқот бо Директори генералии Бонки Қатарии Рушд (QDB), Абдулраҳмон Ҳешам Ал – Совадӣ, ки дар шаҳри Даҳваи Давлати Қатар сурат гирифт масоили ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ кард.
Дар ин мулоқот вазири молия доир ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" маълумоти муфассал пешниҳод намуда, нақши онро дар таъмини амнияти энергетикӣ, тавсеаи содироти нерӯи барқ ва рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар шарҳ дод.
Дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инфрасохтор, саноат, маориф, тандурустӣ, рақамикунонӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Директори Бонки Қатарии Рушд омодагиашро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи НБО "Роғун" ва ҳамчунин дастгирии дигар лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд.
Қайд карда шудааст, ки мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо маблағгузории Бонк омодагии ҳамаҷониба баён намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз Директори Бонк даъват карда шуд, ки аз лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус НБО "Роғун" аз наздик дидан намоянд.