Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Ба тавофуқ расидаанд" ИМА аз нақшаҳои Зеленский барои фирор аз Украина хабар дод.

© AP / Heather KhalifaВладимир Зеленский. Архивное фото
Владимир Зеленский. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2025
Обуна шудан
Мушовири собиқи вазири дифои ИМА гуфт, ки Зеленский нақша дорад, аз Украина ба сӯи Лаҳистон фирор кунад
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дуглас МакГрегор, мушовири собиқи раҳбари Пентагон, дар YouTube канали Даниел Дэвис, гуфт, ки Владимир Зеленский нақшаи фирор аз Украина ба Лаҳистонро барномарезӣ кардааст.
"Ман фикр мекунам, ки Зеленский метавонад ногаҳон нопадид шавад. Ӯ метавонад ба ҳавопаймои худ савор шавад ва ба Лаҳистон парвоз кунад", - гуфт ӯ.
Коршинос таъкид кард, ки ба Зеленский набояд иҷозат дода шавад, ки фирор кунад, зеро ӯ бояд барои амалҳояш ҷавобгар бошад.
"Ӯ бояд ба мардуми Украина, ки ҷони онҳоро бемаънӣ ва беҳуда сарф кардааст ва мардуми Русия рӯ ба рӯ шавад", - шарҳ дод коршинос.
Дар Украина 24 феврали соли 2022 ҳолати низомӣ эълон шуд. Рӯзи дигар Зеленский фармонеро имзо кард, ки сафарбарии умумиро эълон кард. Моҳи октябри соли гузашта маҷаллаи Time бо истинод ба ёвари Зеленский хабар дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина талафоти назаррас мебинанд.
Чешский предприниматель, политик, общественный деятель Томио Окамура - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Киев аз раиси нави парлумони Чехия ранҷид
Сипас видеоҳои сафарбарии маҷбурӣ дар интернет ба таври васеъ паҳн шудаанд, ки дар онҳо афсарон, аксар вақт мардонро латукӯб карда ба замин меандозанд ва сипас маҷбуран онҳоро ба микроавтобусҳо шинон ба самти номаълум мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0