Аҳмадзода гуфт, ки ҳукумат талош дорад муҳоҷиратро коҳиш диҳад

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области Таджикистана
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2025
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки дар Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф лоиҳаҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ татбиқ мегарданд
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо ҳайати яке аз ташкилоти молиявии байналмилалӣ гуфт, ки вилояти Суғд имрӯзҳо дар ҳоли рушд қарор дорад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Вай гуфт, дар вилоят дар самтҳои мухталиф лоиҳаҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ татбиқ мегарданд.
Аҳмадзода зикр кард, ки афзоиши солонаи аҳолӣ дар вилоят то ба 2,5% мерасад.
“Бо назардошти ин, иқдомҳо ҷиҳати фаъолсозии корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадафи асосии онҳо коҳиши муҳоҷират ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон мебошад”,- қайд кард раиси вилояти Суғд.
Вай илова кард, ки айни замон бо дастгирии шарикони рушд, дар вилоят даҳҳо лоиҳа амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд" ва харидории электробусҳо ҳамчун қадами муҳим баҳри беҳсозии муҳити зист ва рафъи мушкилоти нақлиётӣ арзёбӣ шуд.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2025
Русия барои муҳоҷирони меҳнатии воридшуда, рамзи рақамӣ ҷори мекунад: дастурамали муфассал
Аҳмадзода таъкид кард, ки барои иҷрои пурраи лоиҳа дастрасии саривақтии маблағ ва хариди шумораи зарурии воситаҳои нақлиёти барқӣ зарур мебошад.
Дар ҷараёни муаррифии Консепсияи рушди ҳаракати ҳамгирошудаи шаҳрҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, масъалаҳои сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиётӣ, дастгирии иқтисоди шаҳр ва беҳтарсозии шароити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Дар ин раванд ба татбиқи лоиҳаҳо дар шаҳраки Сайҳун ва муҳайё намудани инфрасохтори муосир барои зиндагии сокинон низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Қайд карда шудааст, ки ҳадафи асосии ин лоиҳаҳо рушди иқтисодии минтақа, таъмини аҳолӣ бо манзил, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, ташкили инфрасохтори мукаммал ва эҷоди ҷомеаи устувору амн мебошад.
Лентаи хабарҳо
0