Афзоиши бахши сохтмон дар ҳудуди ИИАО

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСтроитель
Строитель  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2025
Обуна шудан
Коршиносон суръати баландтаринро дар Қирғизистон қайд карданд - дар ин кишвар ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 45,3% зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиёи хабар додааст.
Афзоиш дар ҳамаи кишварҳои иттиҳод мушоҳида шудааст:
Арманистон – 27,7%;
Қазоқистон – 18,1%;
Белорус – 9,6;
Русия - 3,5%.
Таҳлилгарон сатҳи баландтаринро дар Қирғизистон қайд карданд, ки дар он ҷо афзоиш 45,3% буд.
Инчунин, дар моҳи январ – августи соли 2025 дар Иттиҳодия афзоиши назарраси додугирифти чаканаро ба қайд гирифтааст. Рақамҳои назаррас дар Қирғизистон мушоҳида шудааст – 28,1%.
Резиденция президента Казахстана Акорда в Астане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2025
Қазоқистон барои имзои созишномаи миёни ИИАО ва Индонезия омодагӣ мебинад
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳҳои январ-августи соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2% афзоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0