https://sputnik.tj/20251103/tramp-putin-rahbari-qavi-naboyad-bozi-1072626259.html
Трамп Путинро як раҳбари қавӣ номид, ки набояд бо ӯ бозӣ кард
Трамп Путинро як раҳбари қавӣ номид, ки набояд бо ӯ бозӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Амрико ахиран раҳбарони Русия ва Чинро одамони доно номид ва гуфт, ки бо онҳо набояд бозӣ кард
2025-11-03T12:21+0500
2025-11-03T12:21+0500
2025-11-05T12:13+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
сиёсат
има
дар ҷаҳон
доналд трамп
амалиёти вижа
украина
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072359289_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_445a6e31e6084f29a844a2fd93549187.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CBS гуфт, ки раҳбарони Русия ва Чин Владимир Путин ва Си Ҷинпин мардони қавӣ ва доно ҳастанд, ки набояд бо онҳо бозӣ кард."Ҳарду сахтгиранд, ҳарду доноанд... ҳарду раҳбарони хеле қавӣ ҳастанд. Шумо наметавонед бо ингуна одамон бозӣ кунед", - гуфт ӯ.Роҳбари Кохи Сафед инчунин эътироф кард, ки Русия захираҳои бузурги силоҳи ҳастаӣ дорад. Ӯ гуфт, ки бо Русия ва Чин дар бораи аз силоҳи ҳастаӣ даст кашидан сӯҳбат кардааст."Ман боварӣ дорам, ки мо бояд дар бораи аз силоҳи ҳастаӣ даст кашидан коре анҷом диҳем ва ман дар ҳақиқат ин масъаларо бо президент Путин ва ҳам бо президент Си муҳокима кардам", - афзуд раҳбари Амрико.Ӯ инчунин нақшаҳои худро барои гузаронидани озмоишҳои ҳастаӣ такрор кард."Мо бояд бубинем, ки он чӣ гуна кор мекунад. Сабаби сухан гуфтани ман дар бораи озмоиш ин аст, ки Русия нияти худро барои озмоиш эълон кардааст, Кореяи Шимолӣ пайваста озмоиш мекунад ва дигар кишварҳо низ. Мо ягона кишваре ҳастем, ки озмоиш намегузаронем. Ман намехоҳам ягона кишваре бошам, ки озмоиш намегузаронад", - қайд кард раҳбари ИМА.Мусоҳиб ба ӯ хотиррасон кард, ки Маскав танҳо системаҳои интиқолро озмоиш мекунад, на силоҳи ҳастаӣ. Бо вуҷуди ин, Трамп изҳор дошт, ки Русия ва Чин гӯё чунин озмоишҳоро анҷом медиҳанд, "аммо онҳо дар ин бора гап намезананд".Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, раҳбари Амрико эълон кард, ки фармони оғози фаврии озмоиши силоҳи ҳастаиро додааст. Ӯ қарори худро бо ишора ба дигар кишварҳо, ки гӯё ҳамин корро анҷом додаанд, асоснок кард.Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, изҳор дошт, ки агар ягон кишвар мораторияи озмоишҳои ҳастаиро вайрон кунад, Маскав мувофиқан амал хоҳад кард.Вай қайд кард, ки Вашингтон Маскавро дар бораи нияти худ барои гузаронидани чунин озмоишҳо огоҳ накардааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/46894
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072359289_193:0:2924:2048_1920x0_80_0_0_6185195209b285a556231473c8f8b2ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп, има, путин, си, раҳбар, қавӣ, амрико, сиёсат, амалиёти вижа
трамп, има, путин, си, раҳбар, қавӣ, амрико, сиёсат, амалиёти вижа
Трамп Путинро як раҳбари қавӣ номид, ки набояд бо ӯ бозӣ кард
12:21 03.11.2025 (Навсозишуда: 12:13 05.11.2025) Раисҷумҳури Амрико ахиран раҳбарони Русия ва Чинро одамони доно номид ва гуфт, ки бо онҳо набояд бозӣ кард
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CBS гуфт, ки раҳбарони Русия ва Чин Владимир Путин ва Си Ҷинпин мардони қавӣ ва доно ҳастанд, ки набояд бо онҳо бозӣ кард.
"Ҳарду сахтгиранд, ҳарду доноанд... ҳарду раҳбарони хеле қавӣ ҳастанд. Шумо наметавонед бо ингуна одамон бозӣ кунед", - гуфт ӯ.
Роҳбари Кохи Сафед инчунин эътироф кард, ки Русия захираҳои бузурги силоҳи ҳастаӣ дорад. Ӯ гуфт, ки бо Русия ва Чин дар бораи аз силоҳи ҳастаӣ даст кашидан сӯҳбат кардааст.
"Ман боварӣ дорам, ки мо бояд дар бораи аз силоҳи ҳастаӣ даст кашидан коре анҷом диҳем ва ман дар ҳақиқат ин масъаларо бо президент Путин ва ҳам бо президент Си муҳокима кардам", - афзуд раҳбари Амрико.
Ӯ инчунин нақшаҳои худро барои гузаронидани озмоишҳои ҳастаӣ такрор кард.
"Мо бояд бубинем, ки он чӣ гуна кор мекунад. Сабаби сухан гуфтани ман дар бораи озмоиш ин аст, ки Русия нияти худро барои озмоиш эълон кардааст, Кореяи Шимолӣ пайваста озмоиш мекунад ва дигар кишварҳо низ. Мо ягона кишваре ҳастем, ки озмоиш намегузаронем. Ман намехоҳам ягона кишваре бошам, ки озмоиш намегузаронад", - қайд кард раҳбари ИМА.
Мусоҳиб ба ӯ хотиррасон кард, ки Маскав танҳо системаҳои интиқолро озмоиш мекунад, на силоҳи ҳастаӣ. Бо вуҷуди ин, Трамп изҳор дошт, ки Русия ва Чин гӯё чунин озмоишҳоро анҷом медиҳанд, "аммо онҳо дар ин бора гап намезананд".
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, раҳбари Амрико эълон кард, ки фармони оғози фаврии озмоиши силоҳи ҳастаиро додааст. Ӯ қарори худро бо ишора ба дигар кишварҳо, ки гӯё ҳамин корро анҷом додаанд, асоснок кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, изҳор дошт, ки агар ягон кишвар мораторияи озмоишҳои ҳастаиро вайрон кунад, Маскав мувофиқан амал хоҳад кард.
Вай қайд кард, ки Вашингтон Маскавро дар бораи нияти худ барои гузаронидани чунин озмоишҳо огоҳ накардааст.