https://sputnik.tj/20251103/rohi-isfara-chorkuh-vorukh-bahsi-marzi-boz-gardid-1072631779.html
Роҳи Исфара–Чоркуҳ–Ворух, ки дар натиҷаи баҳси марзӣ баста шуда буд, дубора боз гардид
Роҳи Исфара–Чоркуҳ–Ворух, ки дар натиҷаи баҳси марзӣ баста шуда буд, дубора боз гардид
Sputnik Тоҷикистон
Роҳи мошингарди Исфара–Чоркуҳ–Ворух чанд сол қабл бинобар низоъҳои марзӣ бо Қирғизистон баста шуда буд
2025-11-03T15:25+0500
2025-11-03T15:25+0500
2025-11-03T15:25+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
роҳ
сиёсат
муносибат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/03/1072630201_0:47:1280:767_1920x0_80_0_0_79b2b8617314acd5d6d69393915ce6e8.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Қисмати баҳсбарангези шоҳроҳи Исфара-Чоркуҳ-Ворух, ки чанд сол бинобар низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баста шуда буд, пас аз музокирот ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор шуд ва ахиран дубора барои истифода боз шуд.Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.Манбаъ хабар додааст, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Айбек Шаменов роҳи мошингарди Исфара–Чоркуҳ–Ворух дубора боз гардид.Қайд карда шудааст, ки қаблан бинобар баста будани ин қитъаи роҳ сокинони деҳоти Ворух ва Чоркуҳ тавассути деҳаи Чорбоғ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекарданд.Зикр карда шудааст, ки зимни мулоқот бо сокинон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканд Айбек Шаменов аз аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳамзистии дӯстонаи аҳолии наздимарзӣ заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи робитаҳо мебошад.Қайд карда шуд, ки амалӣ шудани чунин иқдомҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намуда, ба манфиати ҳар ду халқи бародар хоҳад буд.Ёдовар мешавем, ки мувофиқи Созишномаи марзи давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, 65 гектар замини Қарабоқ ба Тоҷикистон дода шуд. Ин қаламрав қисмати қаблан баҳсбарангези роҳро дар бар мегирад.Имзои созишнома як қадами муҳим дар делимитатсияи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон буд.Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март дар шаҳри Бишкек Созишнома дар бораи аломатгузории марзи ду кишварро имзо карданд.Мақомоти тоҷик ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, чанд роҳу деҳаи аҳолинишнро бо ҳам иваз карданд.Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.Созишнома дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми март дар шаҳри Бишкек аз сӯи президентҳои ду кишвар имзо шуд.
https://sputnik.tj/20251020/tojikistonu-qirghiziston-amniyati-mintaqavi-barrasi-1072255267.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/03/1072630201_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_1407755269819b7e4edab4f19571f80d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, сиёсат, марз, роҳ, боз шуд
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, сиёсат, марз, роҳ, боз шуд
Роҳи Исфара–Чоркуҳ–Ворух, ки дар натиҷаи баҳси марзӣ баста шуда буд, дубора боз гардид
Роҳи мошингарди Исфара–Чоркуҳ–Ворух чанд сол қабл бинобар низоъҳои марзӣ бо Қирғизистон баста шуда буд
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Қисмати баҳсбарангези шоҳроҳи Исфара-Чоркуҳ-Ворух, ки чанд сол бинобар низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баста шуда буд, пас аз музокирот ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор шуд ва ахиран дубора барои истифода боз шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.
Манбаъ хабар додааст, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Айбек Шаменов роҳи мошингарди Исфара–Чоркуҳ–Ворух дубора боз гардид.
Қайд карда шудааст, ки қаблан бинобар баста будани ин қитъаи роҳ сокинони деҳоти Ворух ва Чоркуҳ тавассути деҳаи Чорбоғ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекарданд.
"Акнун, бо боз шудани роҳ масофа тақрибан як километр кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинон осонтар шуд”, - таъкид намудааст мақомоти вилояти Суғд.
Зикр карда шудааст, ки зимни мулоқот бо сокинон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканд Айбек Шаменов аз аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳамзистии дӯстонаи аҳолии наздимарзӣ заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи робитаҳо мебошад.
Қайд карда шуд, ки амалӣ шудани чунин иқдомҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намуда, ба манфиати ҳар ду халқи бародар хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи Созишномаи марзи давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, 65 гектар замини Қарабоқ ба Тоҷикистон дода шуд. Ин қаламрав қисмати қаблан баҳсбарангези роҳро дар бар мегирад.
Имзои созишнома як қадами муҳим дар делимитатсияи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон буд.
Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март дар шаҳри Бишкек Созишнома дар бораи аломатгузории марзи ду кишварро имзо карданд.
Мақомоти тоҷик ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, чанд роҳу деҳаи аҳолинишнро бо ҳам иваз карданд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
Созишнома дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми март дар шаҳри Бишкек аз сӯи президентҳои ду кишвар имзо шуд.