https://sputnik.tj/20251020/tojikistonu-qirghiziston-amniyati-mintaqavi-barrasi-1072255267.html
Тоҷикистону Қирғизистон таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
Тоҷикистону Қирғизистон таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Прокуророни генералии Тоҷикистону Қирғизистон мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллииро баррасӣ карданд
2025-10-20T13:56+0500
2025-10-20T13:56+0500
2025-10-20T13:56+0500
дар тоҷикистон
терроризм
экстремизм
қирғизистон
ҳамкорӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072254975_96:759:1268:1418_1920x0_80_0_0_cfd760885875fbbda0a40dbe70bb8218.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Қирғизистон Максат Асаналиев мулоқот кард.Ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон мулоқоти мазкур дар остонаи баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 21 октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, сурат гирифт.Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карда шуданд.Қайд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллии муташаккил ва таҳияи чораҳои муассир оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ равона карда шуд.Ҳамчунин дар мулоқот оид ба баимзорасонии Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти делимитатсияю демаркатсия гуфтугӯ сурат гирифт.Таъкид гардид, ки ин Созишнома қадами таърихӣ буда, эътимод ва ҳамсоягии нек, инчунин муносибати бародаронаро тақвият дод.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/45770
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072254975_0:679:1365:1703_1920x0_80_0_0_4174946ce93524faab94754849add0c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, равобит, амният, мубориза , терроризм, экстремизм
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, равобит, амният, мубориза , терроризм, экстремизм
Тоҷикистону Қирғизистон таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
Прокуророни генералии Тоҷикистону Қирғизистон мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллииро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Қирғизистон Максат Асаналиев мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон мулоқоти мазкур дар остонаи баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 21 октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карда шуданд.
Қайд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллии муташаккил ва таҳияи чораҳои муассир оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот оид ба баимзорасонии Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти делимитатсияю демаркатсия гуфтугӯ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки ин Созишнома қадами таърихӣ буда, эътимод ва ҳамсоягии нек, инчунин муносибати бародаронаро тақвият дод.