https://sputnik.tj/20251103/rahmon-prokurori-khatlon-vazifa-barkanor-1072637684.html
Шаъну шарафро паст зад: Раҳмон прокурори Хатлонро аз вазифа барканор кард
Шаъну шарафро паст зад: Раҳмон прокурори Хатлонро аз вазифа барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз сафараш ба Қатар ва ИМА дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
2025-11-03T18:02+0500
2025-11-03T18:02+0500
2025-11-03T18:02+0500
раисҷумҳур
дар тоҷикистон
хатлон
прокурор
барканорӣ
аз вазифа барканор
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/03/1072637519_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_0fe02d6613ef54618ddd6e53ab2432ab.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон прокурори вилояти Хатлон Назарзода Авазро бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод кардааст.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, Назарзода Аваз аз мақомоти Прокуратура комилан хориҷ карда шудааст.Бояд қайд кард, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Хадамоти алоқа таъғироти кадрӣ анҷом дод ва кадрҳои таъйншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Тавре иттилоъ дода шудааст, сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд.Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъин гардиданд.Президенти кишвар аз кадрҳои таъиншуда талаб кард, ки пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя намоянд ва омода намудани мутахассисони варзидаву забондон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд.
https://sputnik.tj/20251103/safari-rahmon-ba-qatar-va-ima-charo-1072636910.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/03/1072637519_61:0:972:683_1920x0_80_0_0_f651ad4e3321105573cde78d2d6f504f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, прокурор, хатлон барканор, таъйиноти кадрӣ, раисҷумҳур, сиёсат
раҳмон, прокурор, хатлон барканор, таъйиноти кадрӣ, раисҷумҳур, сиёсат
Шаъну шарафро паст зад: Раҳмон прокурори Хатлонро аз вазифа барканор кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз сафараш ба Қатар ва ИМА дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон прокурори вилояти Хатлон Назарзода Авазро бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод кардааст.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, Назарзода Аваз аз мақомоти Прокуратура комилан хориҷ карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Хадамоти алоқа таъғироти кадрӣ анҷом дод ва кадрҳои таъйншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре иттилоъ дода шудааст, сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд.
Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъин гардиданд.
Президенти кишвар аз кадрҳои таъиншуда талаб кард, ки пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя намоянд ва омода намудани мутахассисони варзидаву забондон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд.