https://sputnik.tj/20251103/zaminlarza-tojikiston-dushanbe-khatlon-takon-1072625279.html
Заминларза дар Тоҷикистон: Аз Душанбе то Хатлон такон хурд
Заминларза дар Тоҷикистон: Аз Душанбе то Хатлон такон хурд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир касе осеб надидааст
2025-11-03T11:18+0500
2025-11-03T11:18+0500
2025-11-05T12:14+0500
дар тоҷикистон
кҳф
заминларза
зилзила
душанбе
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/08/1031520837_0:175:3021:1874_1920x0_80_0_0_5039e8fd77ee5259d7cd83f1ab10707c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 ноябри соли 2025, соати 01:29 бо вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд."Маркази заминларза 236 километр ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе, 80 километр ҷанубу ғарбӣ аз ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 6-7 балл дар шаҳри Душанбе 4 баллро ташкил додааст", - хабар медиҳад КҲФ.Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Ёдовар мешавем, рӯзи 13 апрел Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод, ки маркази он ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод гуфта шуд. Зилзиласанҷон шиддати заминларзаро дар марказ ба 5-6 балл арзёбӣ карданд.Ба иттилои ситоди бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ин ду ноҳия 65хона пурра, 193 манзил қисман ва 150 хона зарари сабук диданд.Илова бар ин, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 мактаб бар асари офати табиӣ низ хароб гардиданд.Қаблан, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки ба сокинони ин ду ноҳия Маркази нави саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ месозанд.Гузашта аз ин, роҳбари давлат низ дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба раисони Рашту Тоҷикобод ва дигар мақомдорон супориш дод, ки то 1 ноябр хонаводаҳои зарардидаро бо манзилҳои нав таъмин кунанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/41089
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/08/1031520837_145:0:2876:2048_1920x0_80_0_0_a8c8316b8e635128a72897348ac87581.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, заминларза, такон, душанбе, хатлон, кҳф
тоҷикистон, заминларза, такон, душанбе, хатлон, кҳф
Заминларза дар Тоҷикистон: Аз Душанбе то Хатлон такон хурд
11:18 03.11.2025 (Навсозишуда: 12:14 05.11.2025) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир касе осеб надидааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 ноябри соли 2025, соати 01:29 бо вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.
"Маркази заминларза 236 километр ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе, 80 километр ҷанубу ғарбӣ аз ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 6-7 балл дар шаҳри Душанбе 4 баллро ташкил додааст", - хабар медиҳад КҲФ.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 13 апрел Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод, ки маркази он ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод гуфта шуд. Зилзиласанҷон шиддати заминларзаро дар марказ ба 5-6 балл арзёбӣ карданд.
Ба иттилои ситоди бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ин ду ноҳия 65хона пурра, 193 манзил қисман ва 150 хона зарари сабук диданд.
Илова бар ин, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 мактаб бар асари офати табиӣ низ хароб гардиданд.
Қаблан, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки ба сокинони ин ду ноҳия Маркази нави саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ месозанд.
Гузашта аз ин, роҳбари давлат низ дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба раисони Рашту Тоҷикобод ва дигар мақомдорон супориш дод, ки то 1 ноябр хонаводаҳои зарардидаро бо манзилҳои нав таъмин кунанд.