https://sputnik.tj/20250903/piryakh-yakarcha-tojikiston-tanazzul-1070817255.html
Пиряхи Якарчаи Тоҷикистон дар ҳоли таназзул қарор дорад
Пиряхи Якарчаи Тоҷикистон дар ҳоли таназзул қарор дорад
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд
2025-09-03T11:55+0500
2025-09-03T11:55+0500
2025-09-03T11:57+0500
обшавии пиряхҳо
пирях
дар тоҷикистон
дарё
об
тағйирёбии ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031750426_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_db168eb54454e6909e80174ceff1935f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Сатҳи пиряхи Якарча, дар баландии зиёда аз 3500 м ба ҳисоби миёна давоми ду соли охир аз 3,5 то 4 метр паст шудааст. Чунин натиҷа дар паи таҳқиқоти мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимони донишгоҳи Фрибурги Швейтсария ба даст омадааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Гуфта мешавд, ин нишонаи он аст, ки пирях дар ҳолати таназзули фаъол қарор дорад.Таҳқиқот аз 22 то 28 августи соли равон гузаронида шуда, зимни он бо истифода аз усулҳо ва таҷҳизоти муосир корҳои саҳроӣ амалӣ гардиданд.Ҳамзамон дар пирях сенсори ҳароратӣ (термистор) дар ҷуқурии то 15 метр насб карда шуд. Дар солҳои оянда аз рӯи маълумоти ин сенсорҳо таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба сохтори дохилии пирях мавриди омӯзиш қарор мегирад.Пиряхи ЯкарчаПиряхи Якарча - дар қаторкӯҳи Ҳисор ва ҳавзаи болообии дарёи Варзоб ҷойгир аст, яке аз пиряхҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин пирях на танҳо манбаи асосии ташаккули оби дарё, балки чун нишондиҳандаи муҳимтарини тағйирёбии иқлим хизмат мекунад. Дар даҳсолаҳои охир баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво ба раванди обшавии пиряхҳо суръат бахшида, дар мувозинати миқдори онҳо тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.
https://sputnik.tj/20250504/davomi-soli-okhir-piryakhi-tojikiston-ob-shudaand-1067218927.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031750426_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_fe2938a3bd4d2dcb1e289f5d5024059c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пирях, якарча, тоҷикистон, таназзул
пирях, якарча, тоҷикистон, таназзул
Пиряхи Якарчаи Тоҷикистон дар ҳоли таназзул қарор дорад
11:55 03.09.2025 (Навсозишуда: 11:57 03.09.2025) Маълум шудааст, дар минтақаи ғизогирии пирях, ки бояд ҳар сол захираи барф ва фирн ҷамъ шавад, моҳи август қариб ягон барфи доимӣ боқӣ намондааст, ки нигароникунанда мебошад
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Сатҳи пиряхи Якарча, дар баландии зиёда аз 3500 м ба ҳисоби миёна давоми ду соли охир аз 3,5 то 4 метр паст шудааст.
Чунин натиҷа дар паи таҳқиқоти мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимони донишгоҳи Фрибурги Швейтсария ба даст омадааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавд, ин нишонаи он аст, ки пирях дар ҳолати таназзули фаъол қарор дорад.
Таҳқиқот аз 22 то 28 августи соли равон гузаронида шуда, зимни он бо истифода аз усулҳо ва таҷҳизоти муосир корҳои саҳроӣ амалӣ гардиданд.
"Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар баландии зиёда аз 3500 метр сатҳи пирях ба ҳисоби миёна давоми ду соли охир аз 3,5 то 4 метр паст шудааст. Ин нишонаи он аст, ки пирях дар ҳолати таназзули фаъол қарор дорад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон дар пирях сенсори ҳароратӣ (термистор) дар ҷуқурии то 15 метр насб карда шуд. Дар солҳои оянда аз рӯи маълумоти ин сенсорҳо таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба сохтори дохилии пирях мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Пиряхи Якарча - дар қаторкӯҳи Ҳисор ва ҳавзаи болообии дарёи Варзоб ҷойгир аст, яке аз пиряхҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ин пирях на танҳо манбаи асосии ташаккули оби дарё, балки чун нишондиҳандаи муҳимтарини тағйирёбии иқлим хизмат мекунад.
Дар даҳсолаҳои охир баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво ба раванди обшавии пиряхҳо суръат бахшида, дар мувозинати миқдори онҳо тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.