https://sputnik.tj/20251030/-tojikiston-davr-chorum-baqaydgiri-dovtalabon-1072547280.html
Шонси 4-ум: Дар Тоҷикистон даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд
Шонси 4-ум: Дар Тоҷикистон даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар 8 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нуқтаҳои сабти довталабон ба даври чоруми интиҳоноти дохилшавӣ ташкил шудааст
2025-10-30T17:35+0500
2025-10-30T17:35+0500
2025-10-30T17:41+0500
маориф
донишҷӯ
ммт
дар тоҷикистон
бақайдгирии довталабон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066646783_40:205:3316:2048_1920x0_80_0_0_36717282988da09d73218810ce2dcdd8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт - Sputnik. Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври чоруми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ оғоз кард.Ҳамин тавр, аз 29 октябр то 28 ноябр давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор мегрдад. Дар ин бора, Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон хабар доданд.Барои довталабон дар шаҳру навоҳии зерин: Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.Шонси нав барои довталабоне, ки дар Тоҷикистон донишҷӯй шудан мехоҳандДар даври чорум ашхоси зерин метавонанд барои дохил шудан ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоранлд:Довталабон бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066646783_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_fa9acb898190b9e2e8cd3eac921b120a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даври чорум, бақайдгирии довталабон
тоҷикистон, даври чорум, бақайдгирии довталабон
Шонси 4-ум: Дар Тоҷикистон даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд
17:35 30.10.2025 (Навсозишуда: 17:41 30.10.2025) Дар 8 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нуқтаҳои сабти довталабон ба даври чоруми интиҳоноти дохилшавӣ ташкил шудааст
ДУШАНБЕ, 30 окт - Sputnik. Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври чоруми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ оғоз кард.
Ҳамин тавр, аз 29 октябр то 28 ноябр давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор мегрдад.
Дар ин бора, Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон хабар доданд.
Барои довталабон дар шаҳру навоҳии зерин: Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.
Дар даври чорум ашхоси зерин метавонанд барои дохил шудан ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоранлд:
шахсоне, ки дар ИМД 2025 ягон бор худро номнавис накардаанд;
довталабони дар давраҳои якум, дуюм ва сеюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо ширкат накардаанд;
довталабони дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест холи гузаришро соҳиб нашудаанд;
довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии давраҳои якум, дуюм ва сеюми ИМД 2025 комёбшудае, ки барои қабул ҳозир нашудаанд;
довталабоне, ки дар асоси яке аз озмунҳо, бинобар бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Довталабон бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад.