https://sputnik.tj/20250903/dovtalabone-tojikiston-donishjuy-imtihon-1070832538.html
Шонси нав барои довталабоне, ки дар Тоҷикистон донишҷӯй шудан мехоҳанд
Шонси нав барои довталабоне, ки дар Тоҷикистон донишҷӯй шудан мехоҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар 11 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нуқтаҳо барои сабти довталабон ба даври 3-юми интиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ташкил карда шудааст
2025-09-03T18:30+0500
2025-09-03T18:30+0500
2025-09-03T18:30+0500
дар тоҷикистон
маориф
донишҷӯй
имтиҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049217985_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_eec4ba93caa3a1338fa7141ef17da184.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ оғоз кард.Ба иттилои ин ниҳод, нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон дар давраи сеюм дар 11 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ташкил гардидаанд.Дар феҳрасти шаҳрҳои дорои нуқтаи қабули довталабон – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара ва Рашт номбар карда шуданд.Таъкид шудааст, ки муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ то 13-уми муқаррар гардидааст.Дар ин марҳила барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён, баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ дар соли 2023 холӣ мондаанд, пешниҳод мегардад.Маркази миллии тестӣ мегӯяд, агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20250701/imtihonot-dokhilshav-tojikiston-dovtalabon-ikhtisosho-tavajjuh-video-1068570925.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049217985_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_608291f81daf500d430f81b4e290e876.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
давр, сеюм, имтиҳонсупорӣ, тоҷикистон
давр, сеюм, имтиҳонсупорӣ, тоҷикистон
Шонси нав барои довталабоне, ки дар Тоҷикистон донишҷӯй шудан мехоҳанд
Дар 11 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нуқтаҳо барои сабти довталабон ба даври 3-юми интиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ташкил карда шудааст
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ оғоз кард.
Ба иттилои ин ниҳод, нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон дар давраи сеюм дар 11 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ташкил гардидаанд.
Дар феҳрасти шаҳрҳои дорои нуқтаи қабули довталабон – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара ва Рашт номбар карда шуданд.
Таъкид шудааст, ки муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ то 13-уми муқаррар гардидааст.
Дар ин марҳила барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён, баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ дар соли 2023 холӣ мондаанд, пешниҳод мегардад.
Маркази миллии тестӣ мегӯяд, агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад.