https://sputnik.tj/20251029/viloyat-khatlon-miqdor-pakhta-jamovari-1072514655.html
Маълум шуд, дар вилояти Хатлон чӣ миқдор пахта ҷамъоварӣ шудааст
Маълум шуд, дар вилояти Хатлон чӣ миқдор пахта ҷамъоварӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ноҳияи Носири Хусрав дурнамои ҷамъловарии ҳосили пахтаро 100% иҷро кард
2025-10-29T17:14+0500
2025-10-29T17:14+0500
2025-10-29T17:14+0500
кишоварзӣ
хатлон
иҷрои нақшаи дурнамо
пахта
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/06/1071784987_55:0:1280:689_1920x0_80_0_0_daa570d05075fd2880ac0457c2f5bbfb.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон то кунун 243,1 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 96% -и дурнамои солонаро ташкил медиҳад.Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки дурнамои 19 шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон имсол 254,3 тонна мебошад.Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 14 шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.Ахиран гузориш дода шуд, ки пахтакорони ноҳияи Носири Хусрав низ дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намудаанд.Дар ин ноҳия, 6 ҳазору 808 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ шудааст.Мувофиқи иттиллоъ, айни замон дар нохияи Носири Хусрав корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият дошта, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону пахтакорон ҳосили ҷамъоваригардидаро саривақт қабул ва коркард намуда истодаанд.Аз ноҳияи Носири Хусрав раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид боздид карда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намудааст.Раиси вилоят зимни суханронӣ бо хоҷагидорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипос кардааст.
https://sputnik.tj/20251025/pakhtachini-nohiyai-zafarobod-sugd-1072423153.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/06/1071784987_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_2559e5efaf16afcabe5ae6685824e082.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вилояти хатлон, пахта, ҷамъоварӣ
вилояти хатлон, пахта, ҷамъоварӣ
Маълум шуд, дар вилояти Хатлон чӣ миқдор пахта ҷамъоварӣ шудааст
Мақомоти вилояти Хатлон ахиран аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Носири Хусрав гузориш доданд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон то кунун 243,1 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 96% -и дурнамои солонаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки дурнамои 19 шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон имсол 254,3 тонна мебошад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 14 шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
Ахиран гузориш дода шуд, ки пахтакорони ноҳияи Носири Хусрав низ дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намудаанд.
Дар ин ноҳия, 6 ҳазору 808 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ шудааст.
Мувофиқи иттиллоъ, айни замон дар нохияи Носири Хусрав корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият дошта, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону пахтакорон ҳосили ҷамъоваригардидаро саривақт қабул ва коркард намуда истодаанд.
Аз ноҳияи Носири Хусрав раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид боздид карда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намудааст.
Раиси вилоят зимни суханронӣ бо хоҷагидорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипос кардааст.