https://sputnik.tj/20251025/pakhtachini-nohiyai-zafarobod-sugd-1072423153.html
Беш аз 800 сокини шаҳру навоҳии Суғд ба кумаки пахтачинони ноҳияи Зафаробод рафтаанд
Беш аз 800 сокини шаҳру навоҳии Суғд ба кумаки пахтачинони ноҳияи Зафаробод рафтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ноҳияи Зафаробод аз ҷумлаи калонтарин минтақаҳои пахтакори Суғд ба шумор рафта, дар он ҷамъоварии пахта бо техникаи муосир, кумаки ҳашарчиён ва саҳмдорони хоҷагиҳо ба роҳ монда шудааст
2025-10-25T16:32+0500
2025-10-25T16:32+0500
2025-10-25T16:32+0500
зафаробод
кишоварзӣ
суғд
мавсими пахтачинӣ
пахтачинӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071442201_87:154:1172:765_1920x0_80_0_0_b99990a1d86c77e05d5ebd7f3ca797ee.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Беш аз 800 нафар ёрдамчиён аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон ва Айнӣ дар корҳои саҳроӣ ба деҳқонони Зафаробод кумак мекунанд.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ин ноҳия бо раванди ҷамъоварии ҳосили пахта, дар хоҷагии деҳқонии "Бобоҷон Сардор" шинос шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.Гуфта мешавад, хоҷагиҳое, ки дар мавсими имсола усулҳои нави кишту парвариши пахтаро истифода намудаанд, аллакай ба иҷрои нақшаи пахтасупорӣ муваффақ гардидаанд.Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардидани ҳосил, дар баробари саҳмдорон сокинони касбу кори гуногун низ кумак мекунанд.Зимни суҳбат бо роҳбарону масъулини соҳаи кишоварзӣ раиси вилоят барои беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ва андешидани тадбирҳои иловагӣ барои иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ёдовар шуд.Ба чинакчиёни фаъол бошад, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
https://sputnik.tj/20251018/haft-khatlon-naqsha-ijro-1072159358.html
зафаробод
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071442201_160:106:1082:797_1920x0_80_0_0_a49955c7a78604f6d7aa91763ee7aa26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пахтачинӣ, ноҳия, зафаробод
пахтачинӣ, ноҳия, зафаробод
Беш аз 800 сокини шаҳру навоҳии Суғд ба кумаки пахтачинони ноҳияи Зафаробод рафтаанд
Ноҳияи Зафаробод аз ҷумлаи калонтарин минтақаҳои пахтакори Суғд ба шумор рафта, дар он ҷамъоварии пахта бо техникаи муосир, кумаки ҳашарчиён ва саҳмдорони хоҷагиҳо ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Беш аз 800 нафар ёрдамчиён аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон ва Айнӣ дар корҳои саҳроӣ ба деҳқонони Зафаробод кумак мекунанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ин ноҳия бо раванди ҷамъоварии ҳосили пахта, дар хоҷагии деҳқонии "Бобоҷон Сардор" шинос шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, хоҷагиҳое, ки дар мавсими имсола усулҳои нави кишту парвариши пахтаро истифода намудаанд, аллакай ба иҷрои нақшаи пахтасупорӣ муваффақ гардидаанд.
"Мувофиқи нақша соли ҷорӣ дар ноҳия бояд 32 ҳазору 445 тонна пахта истеҳсол карда шавад. То ба имрӯз бошад, 18 ҳазору 795,3 тонна пахта, яъне қариб 58% -и нақша ҷамъоварӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардидани ҳосил, дар баробари саҳмдорон сокинони касбу кори гуногун низ кумак мекунанд.
Зимни суҳбат бо роҳбарону масъулини соҳаи кишоварзӣ раиси вилоят барои беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ва андешидани тадбирҳои иловагӣ барои иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ёдовар шуд.
Ба чинакчиёни фаъол бошад, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.