https://sputnik.tj/20251028/lavrov-rusiya-umedvo-tramp-sulh-poydor-ukrainaro-mekhohad-1072495619.html
Лавров: Русия умедвор аст, ки Трамп сулҳи пойдор дар Украинаро мехоҳад
Лавров: Русия умедвор аст, ки Трамп сулҳи пойдор дар Украинаро мехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
Маскав ҳамчунин ба кафолатҳое умед дорад, ки мулоқоти президентҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида натиҷае хоҳад дод
2025-10-28T17:48+0500
2025-10-28T17:48+0500
2025-10-28T17:48+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
има
доналд трамп
сергей лавров
украина
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1c/1072494545_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c41423304832bc838e36978d531f4d27.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Русия умедвор аст, ки президенти ИМА Доналд Трамп хоҳони сулҳи пойдор дар Украина аст, на фароҳам овардани шароит барои ворид кардани силоҳ ба режими Киев. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни нишасти хабарӣ дар пайи нишасти сатҳи баланд дар Конфронси сеюми байналмилалии амнияти Авруосиё дар Минск изҳор дошт. Гузашта аз ин, Маскав ба замонат ниёз дорад, ки мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп натиҷа диҳад ва Русия ба ин омода аст."Мо ҳамчунин ба кафолатҳо ниёз дорем, ки мулоқоти президентҳо натиҷаҳои мушаххас хоҳад дод. Мо ба ин натиҷа омода ҳастем. Гузашта аз ин, вақте президентҳо Путин ва Трамп дар Анкориҷ дар Аляска мулоқот карданд, мо аз пешниҳодҳое, ки Стивен Виткофф, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико як ҳафта пеш ба Маскав оварда буд, пуштибонӣ кардем", - гуфт ӯ.Лавров ҳамчунин ёдовар шуд, ки Русия интизори вокуниши мусбати ИМА ба пешниҳоди Путин дар бораи идомаи риояи Шартномаҳо дар бораи кам кардани яроқи стратегии хуҷумдар тӯли як сол пас аз анҷоми муҳлати созишнома аст. Аҳдномаи мазкур 5 феврали соли 2026 ба охир мерасад.
https://sputnik.tj/20251026/rusiya-nizo-ukraina-diplomati-hal-1072440210.html
русия
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1c/1072494545_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_ef19b5bbd3ec7e714af7c97acd669530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров русия трамп сулҳ пойдор украина
лавров русия трамп сулҳ пойдор украина
Лавров: Русия умедвор аст, ки Трамп сулҳи пойдор дар Украинаро мехоҳад
Маскав ҳамчунин ба кафолатҳое умед дорад, ки мулоқоти президентҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида натиҷае хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Русия умедвор аст, ки президенти ИМА Доналд Трамп хоҳони сулҳи пойдор дар Украина аст, на фароҳам овардани шароит барои ворид кардани силоҳ ба режими Киев.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни нишасти хабарӣ дар пайи нишасти сатҳи баланд дар Конфронси сеюми байналмилалии амнияти Авруосиё дар Минск изҳор дошт.
"Мо бисёр умедворем, ки президент Трамп сулҳи воқеии пойдорро мехоҳад, на фароҳам овардани шароит барои ворид кардани идомаи силоҳ ва пул ба режими Киев, то ин ки он талошҳои худро идома диҳад ва ҳамчун абзори аврупоиҳо дар ҷанг алайҳи Русия хидмат кунад",- гуфт Лавров ба хабарнигорон.
Гузашта аз ин, Маскав ба замонат ниёз дорад, ки мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп натиҷа диҳад ва Русия ба ин омода аст.
"Мо ҳамчунин ба кафолатҳо ниёз дорем, ки мулоқоти президентҳо натиҷаҳои мушаххас хоҳад дод. Мо ба ин натиҷа омода ҳастем. Гузашта аз ин, вақте президентҳо Путин ва Трамп дар Анкориҷ дар Аляска мулоқот карданд, мо аз пешниҳодҳое, ки Стивен Виткофф, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико як ҳафта пеш ба Маскав оварда буд, пуштибонӣ кардем", - гуфт ӯ.
Лавров ҳамчунин ёдовар шуд, ки Русия интизори вокуниши мусбати ИМА ба пешниҳоди Путин дар бораи идомаи риояи Шартномаҳо дар бораи кам кардани яроқи стратегии хуҷумдар тӯли як сол пас аз анҷоми муҳлати созишнома аст. Аҳдномаи мазкур 5 феврали соли 2026 ба охир мерасад.