https://sputnik.tj/20250926/tojikiston-narkh-ord-arzon-gusht-bolo-1071501926.html
Дар Тоҷикистон нархи орд арзону қиммати гӯшт боло рафт
Дар Тоҷикистон нархи орд арзону қиммати гӯшт боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи додаҳои Вазорати кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст, вале нархаш на арзон, балки боло рафтааст
2025-09-26T09:31+0500
2025-09-26T09:31+0500
2025-09-26T09:31+0500
гӯшт
дар тоҷикистон
орд
болоравии нарх
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102685/74/1026857492_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_b62aa7877809cdd4abf7a528a71235ee.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Нархи орду биринҷу шакар дар Тоҷикистон арзон шудааст, вале қиммати гӯшт гарон шудааст.Дар бораи ин Агентии омори Тоҷикистон гузориш додааст.Гӯшти гӯсфанд дар Тоҷикистон аз аввали сол беш аз 13% гарон шудааст. Нархи гӯшти гов бошад беш аз 10% боло рафтааст. Дар умум қимати маҳсулоти гӯштӣ 7,4% ба ҳисоби миёна гарон шудааст, бармоеяд аз додаҳои Агентии омори Тоҷикистон.Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон тайи нимсолаи аввал қариби 118,5 ҳазор тонро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 11 ҳазор тон ё 10% зиёд мебошад, иттилоъ дод Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2025.Дар баробари ин, нархи орду биринҷу шакар дар Тоҷикистон арзон шудааст.Аз ҷумла қиммати Ҳамин тавр, Хадамоти зиддиинҳисории кишвар иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти гандум ба кишвар беш аз 3,2% афзоиш ёфтааст.Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҷониби субъекти хоҷагидори кишвар ба ҷумҳурӣ 613,3 ҳазор тонна гандум ба маблағи 143,6 млн. доллар бо нархи миёнаи 234 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 ҳазор тонна ё 32,2% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20250804/tojikiston-kharid-ordro-kam-kard-gandumro-ziyod-1069720923.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102685/74/1026857492_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_f9cd7fde7d1ceb1817ba5314f4833717.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нархи орд, гӯшт
тоҷикистон, нархи орд, гӯшт
Дар Тоҷикистон нархи орд арзону қиммати гӯшт боло рафт
Тибқи додаҳои Вазорати кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст, вале нархаш на арзон, балки боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Нархи орду биринҷу шакар дар Тоҷикистон арзон шудааст, вале қиммати гӯшт гарон шудааст.
Дар бораи ин Агентии омори Тоҷикистон гузориш додааст.
Гӯшти гӯсфанд дар Тоҷикистон аз аввали сол беш аз 13% гарон шудааст. Нархи гӯшти гов бошад беш аз 10% боло рафтааст.
Дар умум қимати маҳсулоти гӯштӣ 7,4% ба ҳисоби миёна гарон шудааст, бармоеяд аз додаҳои Агентии омори Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон тайи нимсолаи аввал қариби 118,5 ҳазор тонро ташкил додааст.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 11 ҳазор тон ё 10% зиёд мебошад, иттилоъ дод Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2025.
Дар баробари ин, нархи орду биринҷу шакар дар Тоҷикистон арзон шудааст.
орд –10,2% арзон шудааст, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон дар ҷамъбасти ҳаштмоҳаи аввали соли равон.
Ҳамин тавр, Хадамоти зиддиинҳисории кишвар иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти гандум ба кишвар беш аз 3,2% афзоиш ёфтааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҷониби субъекти хоҷагидори кишвар ба ҷумҳурӣ 613,3 ҳазор тонна гандум ба маблағи 143,6 млн. доллар бо нархи миёнаи 234 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 ҳазор тонна ё 32,2% афзоиш ёфтааст.