https://sputnik.tj/20251026/gerasimov-putin-jabha-guzorish-1072445173.html
Герасимов ба Путин аз муваффақиятҳо дар ҷабҳа гузориш дод
Герасимов ба Путин аз муваффақиятҳо дар ҷабҳа гузориш дод
Sputnik Тоҷикистон
Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба президент Владимир Путин дар бораи муваффақиятҳо дар амалиёти вижа гузориш дод
2025-10-26T15:44+0500
2025-10-26T15:44+0500
2025-10-27T12:06+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
русия
украина
забт кард
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1b/1072462447_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_746354ea2083e3e8fc8e1d1f769d92a2.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Гурӯҳи "Марказ" муҳосираи душманро дар минтақаи Красноармейск ва Димитров ба анҷом расонд.Дар ин бора, ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба президент Владимир Путин гузориш дод.Ба иттилои ӯ, гурӯҳи "Марказ" ҳамчунин 5500 сарбози Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро иҳота кард. Нерӯҳои гурӯҳи "Ғарб", дар навбати худ, гузаргоҳи дарёи Осколро забт карда, Купянскро, ки дар он тақрибан 5000 сарбози украинӣ ҷойгиранд, иҳота карданд.Артиш инчунин 70%-и Вовчанскро озод кардааст ва ҷанги Ямполро ба анҷом расонида истодаанд. Путин дар давбати худ гуфт, дар айни замон, корҳои назаррас барои нест кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки дар иҳота қарор доштанд, боқӣ мемонанд. Ӯ даъват кард, ки бо асируфтодагондар доираи қонун ва ҳуқуқи байналмилалӣ муносибат карда шавад."Артиши Русия таърихан ҳамеша бо душманони мағлубшуда бо раҳм муносибат мекард. Ва мо ҳаминро ба назар хоҳем гирифт", - гуфт Путин.Президент дастур дод, ки ба сокинони маҳаллӣ дар кӯчонидани онҳо ба минтақаҳои бехатар ва тоза кардани қаламравҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина кумак расонида шавад.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Фирори артиши Украина аз минтақаи КрасноармейскВазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251026/rusiya-nizo-ukraina-diplomati-hal-1072440210.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1b/1072462447_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_424ce924ff63457fe0cd1213a38d156f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрон, украина
Герасимов ба Путин аз муваффақиятҳо дар ҷабҳа гузориш дод
15:44 26.10.2025 (Навсозишуда: 12:06 27.10.2025) Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба президент Владимир Путин дар бораи муваффақиятҳо дар амалиёти вижа гузориш дод
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Гурӯҳи "Марказ" муҳосираи душманро дар минтақаи Красноармейск ва Димитров ба анҷом расонд.
Дар ин бора, ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба президент Владимир Путин гузориш дод.
Ба иттилои ӯ, гурӯҳи "Марказ" ҳамчунин 5500 сарбози Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро иҳота кард.
Нерӯҳои гурӯҳи "Ғарб", дар навбати худ, гузаргоҳи дарёи Осколро забт карда, Купянскро, ки дар он тақрибан 5000 сарбози украинӣ ҷойгиранд, иҳота карданд.
Артиш инчунин 70%-и Вовчанскро озод кардааст ва ҷанги Ямполро ба анҷом расонида истодаанд.
Путин дар давбати худ гуфт, дар айни замон, корҳои назаррас барои нест кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки дар иҳота қарор доштанд, боқӣ мемонанд. Ӯ даъват кард, ки бо асируфтодагондар доираи қонун ва ҳуқуқи байналмилалӣ муносибат карда шавад.
"Артиши Русия таърихан ҳамеша бо душманони мағлубшуда бо раҳм муносибат мекард. Ва мо ҳаминро ба назар хоҳем гирифт", - гуфт Путин.
Президент дастур дод, ки ба сокинони маҳаллӣ дар кӯчонидани онҳо ба минтақаҳои бехатар ва тоза кардани қаламравҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина кумак расонида шавад.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.