Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Фирори артиши Украина аз минтақаи Красноармейск

© AP / Oleg PetrasiukУкраинские военнослужащие на линии фронта в Донецкой области. Архивное фото
Украинские военнослужащие на линии фронта в Донецкой области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2025
Обуна шудан
Ба иттилои сарбозони артиши Русия гурӯҳҳои хурд сарбозони Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз минтақаи Красноармейск фирор доранд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сарбозони украинӣ аз минтақаи Красноармейск (Покровск – украинӣ) бо гурӯҳҳои то даҳнафара фирор доранд.
Дар ин бора ба РИА “Новости” як фармондеҳи артиши Русия, ки дар ин минтақа ҷанг дорад, хабар дод.
"Бале, душман мавқеъҳои худро тарк карда, фирор дорад. Баъзан мо ҳатто фирори гурӯҳҳои то 10 нафар аз сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро мушоҳида мекунем. Мо дар ин мавридҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин онҳоро бо тӯпхона нобуд мекунем ва онҳое, ки натавонистаанд мавқеъи худро тарк кунанд, ё кушта мешаванд ё таслим шаванд", — хабар додааст фармондеҳ.
Красноармейск (Покровск - украинӣ) барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар ҶМДмуҳим аст. Ин шаҳр як хати асосии таъминот барои гурӯҳҳои боқимонда аст ва аз даст додани он барои Киев оқибатҳои вазнин хоҳад дошт.
Озод кардани Покровск ба нерӯҳои Русия имкон медиҳад, ки ба таври муассир ба марзҳои ғарбии Ҷумҳурии мардумии Донетск расида, амалиёти ҳамлаи худро дар вилояти Запорожие идома диҳанд.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Боевая работа РСЗО Град группировки Центр  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Русия тамрингоҳи низомиёни Украинаро нобуд карданд
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0