https://sputnik.tj/20251025/iiao-imtiyoz-korgaron-kishvarho-1072405292.html
Аз эътирофи диплом то нафақа: Коргарони кишварҳои ИИАО чӣ имтиёзҳо доранд
Аз эътирофи диплом то нафақа: Коргарони кишварҳои ИИАО чӣ имтиёзҳо доранд
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии Аврупо инчунин ба дастрасӣ ба таҳсил барои фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ тамаркуз мекунад
2025-10-25T14:32+0500
2025-10-25T14:32+0500
2025-10-25T14:32+0500
ииао
иқтисод
муҳоҷират
имтиёз
имтиёзнок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072377134_0:53:3031:1758_1920x0_80_0_0_23e8b0618e87937e3b254e0a01434099.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Сатҳи умумии бекорӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то 0,7% коҳиш ёфтааст. Дар ин бора директори Департаменти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Алтинай Омурбекова, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай инчунин дар бораи имтиёзҳое, ки барои коргарони кишварҳои ИИАО дастрасанд, сӯҳбат кард.Ба гуфтаи ӯ, коргарони кишварҳои узви Иттиҳод аз эътирофи дипломҳо ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ, ки тасдиқи онро талаб мекунанд, баҳра мебаранд. Онҳо метавонанд дар ҳама соҳаҳо, ба истиснои соҳаҳои марбут ба амнияти миллӣ, кор кунанд ва инчунин ба суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳатмии тиббӣ баробар бо шаҳрвандони кишвари мизбон дастрасӣ дошта бошанд. Ғайр аз ин, онҳо аз меъёрҳои андози баробар баҳра мебаранд. Инчунин сухан дар бораи касбҳое рафт, ки дар бозори Иттиҳод бештар талабот доранд.Ба гуфтаи вай, ҳамагӣ 9 соҳаи серталаб мавҷуд аст, чун дар дигар кишварҳо талабот ба мутахассисон дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф (хусусан муаллимони илмҳои табиӣ), сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва манзилию коммуналӣ.Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИА) инчунин ба дастрасӣ ба таҳсил барои фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ тамаркуз мекунад. Бахусус, таъсири қоидаҳои нави санҷиш дар мактабҳои Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ мешавад. Дар мавриди таъмини нафақа барои шаҳрвандон, ба гуфтаи Омурбекова, ҳадафи асосӣ роҳандозии ҳамкории пурраи электронӣ байни кишварҳо мебошад. Ин мӯҳлатро кам мекунад ва раванди таъини нафақаро содда мегардонад.
https://sputnik.tj/20251012/payvastshavi-tojikiston-iiao-foida-1072022706.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072377134_300:0:3031:2048_1920x0_80_0_0_b8fe93dd47a4f93f74cf2346b1e24f63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао,
Аз эътирофи диплом то нафақа: Коргарони кишварҳои ИИАО чӣ имтиёзҳо доранд
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё инчунин ба дастрасӣ ба таҳсил барои фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ тамаркуз мекунад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Сатҳи умумии бекорӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то 0,7% коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора директори Департаменти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Алтинай Омурбекова, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай инчунин дар бораи имтиёзҳое, ки барои коргарони кишварҳои ИИАО дастрасанд, сӯҳбат кард.
Ба гуфтаи ӯ, коргарони кишварҳои узви Иттиҳод аз эътирофи дипломҳо ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ, ки тасдиқи онро талаб мекунанд, баҳра мебаранд.
Онҳо метавонанд дар ҳама соҳаҳо, ба истиснои соҳаҳои марбут ба амнияти миллӣ, кор кунанд ва инчунин ба суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳатмии тиббӣ баробар бо шаҳрвандони кишвари мизбон дастрасӣ дошта бошанд. Ғайр аз ин, онҳо аз меъёрҳои андози баробар баҳра мебаранд.
Инчунин сухан дар бораи касбҳое рафт, ки дар бозори Иттиҳод бештар талабот доранд.
Ба гуфтаи вай, ҳамагӣ 9 соҳаи серталаб мавҷуд аст, чун дар дигар кишварҳо талабот ба мутахассисон дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф (хусусан муаллимони илмҳои табиӣ), сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва манзилию коммуналӣ.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИА) инчунин ба дастрасӣ ба таҳсил барои фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ тамаркуз мекунад. Бахусус, таъсири қоидаҳои нави санҷиш дар мактабҳои Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ мешавад.
Дар мавриди таъмини нафақа барои шаҳрвандон, ба гуфтаи Омурбекова, ҳадафи асосӣ роҳандозии ҳамкории пурраи электронӣ байни кишварҳо мебошад. Ин мӯҳлатро кам мекунад ва раванди таъини нафақаро содда мегардонад.