https://sputnik.tj/20251023/yatimov-muhojiron-hadaf-jalb-ifrotgaroyonand-1072360257.html
Ятимов: Муҳоҷирони корӣ ҳадафи аввалиндараҷаи ифротгароёнанд
Ятимов: Муҳоҷирони корӣ ҳадафи аввалиндараҷаи ифротгароёнанд
Sputnik Тоҷикистон
Ятимов қайд кард, ки коргарони хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран осебпазиртарин табақаи иҷтимоӣ буда, онҳо ҳадафи муносиб барои таблиғоти террористӣ қарор мегиранд
2025-10-23T12:19+0500
2025-10-23T12:19+0500
2025-10-23T12:33+0500
кдам ҷт
саймумин ятимов
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/79/1030577902_0:0:3082:1734_1920x0_80_0_0_55ef1a8020ca18e589978ace4d016e6a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳор дошт, ки муҳоҷирони корӣ ҳадафи аввалиндараҷаи ҷалби ифротгароён мебошанд. Дар ин бора, Саймумин Ятимов дар нишасти зиддитеррористии Душанбе изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Ӯ қайд кард, ки коргарони хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран осебпазиртарин табақаи иҷтимоии шаҳрвандони кишварҳои дигар буда, онҳоро ҳадафи муносиб барои таблиғоти террористӣ табдил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, раиси хадамоти вижа таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон ба офиятбахшӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеъаи шаҳрвандони тоҷик, ки дар минтақаи ҷанг қарор гирифта, вале изҳори пушаймонӣ ва хоҳиши бозгашт ба ватан кардаанд, аҳамияти хоса медиҳанд.Дар ин росто, ба гуфтаи Ятимов Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор донишҷӯро аз муассисоти таълимии динии хориҷӣ баргардонд.Саймумин Ятимов ҳамчунин, аз хатари қонунӣ шудани террористон ҳушдор дод. Ятимов таъкид кард, ки ин ҷангиёнро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ рӯҳбаланд мекунад.
https://sputnik.tj/20250516/yatimov-vazi-afghoniston-usulhoi-navi-operativi-taqozo-1067356262.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/79/1030577902_335:0:3066:2048_1920x0_80_0_0_2c37020dbbef3dda043138f66202ff16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, тоҷикистон, ятимов,
муҳоҷирон, тоҷикистон, ятимов,
Ятимов: Муҳоҷирони корӣ ҳадафи аввалиндараҷаи ифротгароёнанд
12:19 23.10.2025 (Навсозишуда: 12:33 23.10.2025) Ятимов қайд кард, ки коргарони хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран осебпазиртарин табақаи иҷтимоӣ буда, онҳо ҳадафи муносиб барои таблиғоти террористӣ қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳор дошт, ки муҳоҷирони корӣ ҳадафи аввалиндараҷаи ҷалби ифротгароён мебошанд.
Дар ин бора, Саймумин Ятимов дар нишасти зиддитеррористии Душанбе изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ қайд кард, ки коргарони хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран осебпазиртарин табақаи иҷтимоии шаҳрвандони кишварҳои дигар буда, онҳоро ҳадафи муносиб барои таблиғоти террористӣ табдил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси хадамоти вижа таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон ба офиятбахшӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеъаи шаҳрвандони тоҷик, ки дар минтақаи ҷанг қарор гирифта, вале изҳори пушаймонӣ ва хоҳиши бозгашт ба ватан кардаанд, аҳамияти хоса медиҳанд.
Дар ин росто, ба гуфтаи Ятимов Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор донишҷӯро аз муассисоти таълимии динии хориҷӣ баргардонд.
"Ин барои ҷилавгирӣ аз пайвастанашон ба гуруҳҳои ифротӣ амалӣ шуд, зеро онҳо ҳадафи эҳтимолии мағзшӯӣ қарор мегирифтанд", - изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон зимни ҳамоиши зиддитеррористии ИДМ дар Душанбе.
Саймумин Ятимов ҳамчунин, аз хатари қонунӣ шудани террористон ҳушдор дод.
"Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба падидаи терроризм мутобиқ шуд ва унсурҳои "ҳамзистӣ" бо он пайдо шуданд. Террористони дирӯз дар сатҳи баланд қабул шуда, эътирофи онҳо ба расмият дароварда мешавад",- гуфт ӯ.
Ятимов таъкид кард, ки ин ҷангиёнро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ рӯҳбаланд мекунад.