https://sputnik.tj/20251023/vazorati-khorijai-munoqishai-ukrainaro-hal-1072362281.html
Вазорати хориҷаи Чин гуфт, чӣ гуна метавон низоъ дар Украинаро ҳал кард
Вазорати хориҷаи Чин гуфт, чӣ гуна метавон низоъ дар Украинаро ҳал кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Чин музокиротро ягона роҳи ҳалли бӯҳрон дар Украина номид
2025-10-23T15:21+0500
2025-10-23T15:21+0500
2025-10-23T15:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
русия
чин
украина
амалиёти вижа
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:61:3071:1788_1920x0_80_0_0_ec6937e7ad2df19e1c004f6b014ace73.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Го Тзякун ахиран дар брифинг гуфт, муколама ва гуфтушунид ягона роҳи муассири ҳалли бӯҳрон дар Украина аст.Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Си Ҷинпин, раҳбари Чин метавонад ба раванди сулҳи Украина таъсири ҷиддӣ расонад.Дипломат дар шарҳи изҳороти Трамп гуфт, "муколама ва музокира ягона роҳи муассир барои ҳалли бӯҳрони Украина аст".Го Тзякун илова кард, ки "фишор мушкилотро ҳал намекунад".Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251022/baroi-muloqoti-putin-va-tramp-moneai-jiddi-vujud-nadorad-1072334221.html
русия
чин
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ab40437ce0e85babdf730b6bfe611385.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, чин, амалиёти вижа, муноқиша, низоъ, хотима, роҳи ҳал
украина, чин, амалиёти вижа, муноқиша, низоъ, хотима, роҳи ҳал
Вазорати хориҷаи Чин гуфт, чӣ гуна метавон низоъ дар Украинаро ҳал кард
Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Чин музокиротро ягона роҳи ҳалли бӯҳрон дар Украина номид
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Го Тзякун ахиран дар брифинг гуфт, муколама ва гуфтушунид ягона роҳи муассири ҳалли бӯҳрон дар Украина аст.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Си Ҷинпин, раҳбари Чин метавонад ба раванди сулҳи Украина таъсири ҷиддӣ расонад.
Дипломат дар шарҳи изҳороти Трамп гуфт, "муколама ва музокира ягона роҳи муассир барои ҳалли бӯҳрони Украина аст".
Го Тзякун илова кард, ки "фишор мушкилотро ҳал намекунад".
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.