https://sputnik.tj/20251022/baroi-muloqoti-putin-va-tramp-moneai-jiddi-vujud-nadorad-1072334221.html
Барои мулоқоти Путин ва Трамп монеаи ҷиддӣ вуҷуд надорад
Барои мулоқоти Путин ва Трамп монеаи ҷиддӣ вуҷуд надорад
Sputnik Тоҷикистон
Рябков гуфт, ки барои мулоқоти Путин ва Трамп монеаи ҷиддие намебинад
2025-10-22T16:44+0500
2025-10-22T16:44+0500
2025-10-22T16:44+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
сергей рябков
амалиёт
владимир путин
доналд трамп
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/16/1072334752_0:0:3096:1742_1920x0_80_0_0_53ad004142fe86aba1b8380c5a7b40d9.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Русия дар роҳи мулоқоти кишвардорони Русия ва ИМА, Владимир Путин ва Доналд Трамп, монеаи ҷиддие намебинад, аммо ин раванд оддӣ нест. Дар ин бора, муовини вазири умури хориҷаи Русия Сергей Рябков гуфт.Ин дар ҳолест, ки президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки тасмим дар бораи мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ҳанӯз қабул нашудааст."Ман вақтро беҳуда сарф кардан намехоҳам, пас мебинем, ки чӣ мешавад", - гуфт ӯ.Раисиҷумҳури ИМА афзуд, ки дар давоми ду рӯз маълумоти дақиқтареро пешниҳод хоҳад кард.Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои амрикоии худ як гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, авзоъ дар Украинаро баррасӣ кард. Пас аз ин суҳбат Трамп аз нақшаи мулоқот бо президенти Русия дар Будапешт эълон кард.Аммо рӯзи сешанбе, як мақомдори Кохи Сафед ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки Трамп нияти вохӯрӣ бо Путинро надорад.Раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия ва намояндаи вижаи раисиҷумҳур дар умури сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ Кирилл Дмитриев, изҳор дошт, ки омодагӣ ба ин нишаст идома дорад.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Трамп ба Зеленский гуфт, ки ба низоъ дар Украина хотима диҳадВазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251022/tramp-muloqot-ehtimol-putin-1072326516.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/16/1072334752_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_d3bd4350504efd5862ab106e3082dd79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижа, украина, хотима
амалиёти вижа, украина, хотима
Барои мулоқоти Путин ва Трамп монеаи ҷиддӣ вуҷуд надорад
Рябков гуфт, ки барои мулоқоти Путин ва Трамп монеаи ҷиддие намебинад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Русия дар роҳи мулоқоти кишвардорони Русия ва ИМА, Владимир Путин ва Доналд Трамп, монеаи ҷиддие намебинад, аммо ин раванд оддӣ нест.
Дар ин бора, муовини вазири умури хориҷаи Русия Сергей Рябков гуфт.
"Ман ягон монеаи ҷиддиеро намебинам. Савол ин аст, ки параметрҳои муайянкардаи президентҳо дар Анкориҷ, бояд бо ҷузъиёти мушаххас муҷаҳҳаз карда шаванд. Бояд иқрор шуд, ки ин як раванди душвор аст. Аммо, дипломатҳо барои ҳамин ҳастанд", - гуфт Рябков ба хабарнигорон.
Ин дар ҳолест, ки президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки тасмим дар бораи мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ҳанӯз қабул нашудааст.
"Ман вақтро беҳуда сарф кардан намехоҳам, пас мебинем, ки чӣ мешавад", - гуфт ӯ.
Раисиҷумҳури ИМА афзуд, ки дар давоми ду рӯз маълумоти дақиқтареро пешниҳод хоҳад кард.
Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои амрикоии худ як гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, авзоъ дар Украинаро баррасӣ кард. Пас аз ин суҳбат Трамп аз нақшаи мулоқот бо президенти Русия дар Будапешт эълон кард.
Аммо рӯзи сешанбе, як мақомдори Кохи Сафед ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки Трамп нияти вохӯрӣ бо Путинро надорад.
Раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия ва намояндаи вижаи раисиҷумҳур дар умури сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ Кирилл Дмитриев, изҳор дошт, ки омодагӣ ба ин нишаст идома дорад.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.