Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Трамп гуфт, мулоқоташ бо Путинро лағв кардааст

© AP / Alex BrandonПрезидент США Дональд Трамп. Архивное фото
Президент США Дональд Трамп. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2025
Обуна шудан
Аммо, раҳбари Амрико гуфт, ки нақша дорад онро дар оянда баргузор кунад
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки мулоқоти банақшагирифташуда бо раҳбари Русия Владимир Путинро дар Будапешт лағв кардааст, зероба назари ӯ чунин мерасад, ки онҳо ба ҳадафҳои худ нахоҳанд расид.
"Мо мулоқотро бо президент Путин бекор кардем. Ҳиссиёт буд, ки ин нодуруст аст. Ба назари ман чунин намуд, ки мо ба ҳадафҳои худ нахоҳем расид", - гуфт президенти ИМА ба хабарнигорон.
Ӯ инчунин андешаеро баён кард, ки Русия гӯё мехоҳад тамоми Украинаро назорат кунад.
"Ман ҳамеша бовар доштам, ки ӯ (президенти Русия Владимир Путин - таҳрир) куллро мехоҳад, на танҳо як қисмро. Аммо ҳоло, ман фикр мекунам, ки ӯ омода аст баъзе гузаштҳо кунад ва фикр мекунам, ки ӯ омода аст созишнома бандад. Мебинем. Мо намехоҳем, ки ба куллӣ аз ӯ шавад", - гуфт Трамп.
Ҳамзамон, Трамп бори дигар таъкид кард, ки ИМА ба Украина силоҳ намефурӯшад, ӯ гуфт, ки ИМА онҳоро ба НАТО мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА бовар дорад, ки ҷонибҳои низоъ дар Украина бояд мавқеи кунунии худро дар хатти тамос муқаррар кунанд ва амалиёти ҷангиро қатъ намоянд.
Ӯ афзуд, "умедвор аст, ки низоъ зуд ҳал шавад". Изҳороти дигари раиси Кохи Сафед:
Ба назар чунин мерасад, ки мо ба ҳадафи дилхоҳамон нахоҳем расид, аммо мо дар оянда мулоқот хоҳем кард.
Ман ҳис кардам, ки вақти ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия расидааст.
Иёлоти Муттаҳида ба Украина мушакҳои "Томагавк"-ро намедиҳад.
Украина барои ҳамлаҳо ба қаламрави Русия танҳо аз силоҳҳои аврупоӣ истифода мебарад.
Си Ҷинпин метавонад ба Путин таъсир расонад ва ба хотима додан ба ҷанг мусоидат кунад. Трамп ваъда дод, ки аз раҳбари Чин хоҳиш кунад, ки хариди нафтро аз Русия кам кунад.
Ёдовар мешавем, ҳафтаи гузашта, пас аз сӯҳбати телефонии дусоата байни ду раҳбар, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков созишномаеро дар бораи оғози омодагӣ ба саммит бидуни таъхир эълон кард.
Заместитель министра иностранных дел РФ Сергей Рябков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Барои мулоқоти Путин ва Трамп монеаи ҷиддӣ вуҷуд надорад
Будапешт ҳамчун макони эҳтимолии музокирот пешниҳод шуда буд. Ба гуфтаи Ушаков, ин идея аз ҷониби президенти Амрико пешниҳод шудааст ва ҷониби Русия онро дастгирӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0