https://sputnik.tj/20251023/rusiya-tamringoh-nizomiyoni-ukraina-nobud-1072342504.html
Нерӯҳои Русия тамрингоҳи низомиёни Украинаро нобуд карданд
Нерӯҳои Русия тамрингоҳи низомиёни Украинаро нобуд карданд
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия тамрингоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар Бориспол нобуд карданд
2025-10-23T10:32+0500
2025-10-23T10:32+0500
2025-10-23T10:32+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
амалиёт
нерӯҳои мусаллаҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072257764_0:0:3060:1722_1920x0_80_0_0_6e162afed21a5e2a507768f499ab0fce.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи шабонаи нерӯҳои Русия як тамрингоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Борисполи вилояти Киев тахриб гардид. Дар ин бора, ҳамоҳангсоз Сергей Лебедев ба РИА Новости хабар дод.Бидуни ин, ба қавли ин пинҳонкор, нерӯҳои Русия ба ҳадафҳои дигар дар вилояти Киев низ зарба заданд. Ҳамчунин ба таҳхонаи ситоди фармондеҳии афсарон, аз ҷумла аз кишварҳои НАТО ва устохонае дар наздикии фурудгоҳи Жуляни, ки дар он муҳаррикҳои паҳподҳо истеҳсол мешуданд, зарба зада шуд. Нерӯҳои Русия ҷавобан ба ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо аслиҳаи дақиқи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои саноатии ҳарбии душман зарба мезананд.Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад.Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251022/kiev-bunker-farmondehi-afsaron-nato-nobud-1072331785.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072257764_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_6fdb7cf1b9089dfe1e9d8200e9ec92e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижа, украина
Нерӯҳои Русия тамрингоҳи низомиёни Украинаро нобуд карданд
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия тамрингоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар Бориспол нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи шабонаи нерӯҳои Русия як тамрингоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Борисполи вилояти Киев тахриб гардид.
Дар ин бора, ҳамоҳангсоз Сергей Лебедев ба РИА Новости хабар дод.
"Дар Бориспол соати 5:18 тамрингоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои 100 нафар, дар наздикии фурудгоҳ тахриб шуд. Ҳудуди даҳ нафар кушта, 17 нафар маҷрӯҳонро мошинҳои ёрии таъҷилӣ интиқол доданд", - гуфт ӯ.
Бидуни ин, ба қавли ин пинҳонкор, нерӯҳои Русия ба ҳадафҳои дигар дар вилояти Киев низ зарба заданд.
Ҳамчунин ба таҳхонаи ситоди фармондеҳии афсарон, аз ҷумла аз кишварҳои НАТО ва устохонае дар наздикии фурудгоҳи Жуляни, ки дар он муҳаррикҳои паҳподҳо истеҳсол мешуданд, зарба зада шуд.
Нерӯҳои Русия ҷавобан ба ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо аслиҳаи дақиқи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои саноатии ҳарбии душман зарба мезананд.
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад.
Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.