Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо: Трамп ба хотима додани низоъ дар Украина бартарӣ додааст

© AP / Alex BrandonПрезидент Дональд Трамп и Владимир Зеленский во время встречи в Белом доме 17 октября 2025 года.
Президент Дональд Трамп и Владимир Зеленский во время встречи в Белом доме 17 октября 2025 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2025
Обуна шудан
Нашрияи “Wall Street Journal” навиштааст, ки Доналд Трамп ба Зеленский гуфтааст, ки авлавияти ӯ хотима додани низоъ дар Украина аст
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Нашрияи “Wall Street Journal” бо истинод ба мансабдорони амрикоӣ, украинӣ ва аврупоӣ навиштааст, ки президенти ИМА Доналд Трамп дар мулоқот ба Владимир Зеленский гуфт, ки авлавияти ӯ хотима додани низоъ дар Украина аст ва ӯ барои масъалаи ҳудуд чандон муҳим нест.
"Трамп ба Зеленский гуфт, ки масъалаи аввалиндараҷа хотима додан ба ҷанг аст ва возеҳ гуфт, ки ба ӯ масъалаҳоии ҳудудӣ аҳамият надорад", — менависад нашрия.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков на стенде РИА Новости.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2025
Песков мавқеъи Русия дар бораи мунҷамиди даргирӣ дар Украинаро шарҳ дод
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0