СПАД ба азнавсозӣ ва мустаҳкамкунии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

© Foto / Пресс-служба генпрокуратуры республики ТаджикистанВстреча Генерального прокурора Республики Таджикистан Х.С. Вохидзода и Генерального секретаря СНГ И.Н. Тасмагамбетова.
Встреча Генерального прокурора Республики Таджикистан Х.С. Вохидзода и Генерального секретаря СНГ И.Н. Тасмагамбетова. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2025
Обуна шудан
Додситони кулли Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо дабири кулли СПАД масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмагамбетов дар мулоқт бо Додситони кулли Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло таъкид кард, ки таҷҳизонидан ва мустаҳкамкунии сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон баҳри таъмини амнияти минтақавӣ вазифаи ҳар як давлати Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти тарафҳо дар ҳошияи 35-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои – аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Манбаъ, қайд кардааст, ки Дабири кулли СПАД дар ин гуфтугӯ ба корҳои сохтмониву созандагӣ, азнавсозӣ ва мустаҳкамкунии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Ҳамчунин дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами марбут ба назорати прокурорӣ ва амнияти дастаҷамъӣ, инчунин самтҳои тақвияти ҳамкориҳои байниидоравиро баррасӣ намуданд.
Встреча Генерального прокурора Республики Таджикистан Х.С. Вохидзода и Генерального прокурора Киргизской Республики Максата Кубатовича Асаналиева. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2025
Тоҷикистону Қирғизистон таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
“Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо дар соҳаи ҳуқуқӣ ҷиҳати муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои умумӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ равона карда шуд”, - зикр кардааст манбаъ.
Ҳамчунин дабири кулли СПАД зимни мулоқот аз нақши муҳими Президенти Тоҷикистон, дар қабул ва амалисозии Барномаи байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ёдовар шуд.
Таъкид шудааст, ки мулоқот дар фазои дӯстиву созандагӣ баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0