https://sputnik.tj/20251020/malum-muzokiroti-qaribulvuqui-lavrov-rubio-1072275693.html
Маълум шуд, дар музокироти қарибулвуқӯъи Лавров ва Рубио чӣ масоил баррасӣ мешаванд
Маълум шуд, дар музокироти қарибулвуқӯъи Лавров ва Рубио чӣ масоил баррасӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқоти Сергей Лавров ва Марко Рубио масоили Украина, ҳамкории дуҷониба ва масоили иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд
2025-10-20T19:59+0500
2025-10-20T19:59+0500
2025-10-20T19:59+0500
украина
русия
дар русия
амалиёти вижа
сергей лавров
марко рубио
има
музокирот
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072272711_0:161:3068:1887_1920x0_80_0_0_a32d0fef44492084f3891d7f45c8374c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Масъалаи Украина дар мулоқоти қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии Русия ва ИМА Сергей Лавров ва Марко Рубио баррасӣ хоҳад шуд.Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков дар Маскав ба хабарнигорон хабар дод."Албатта, мавзӯи Ташаббуси стратегии дифоъ ва сиёсати пешгирифтаи гурӯҳи ғарбӣ дар ҳимоят аз Украина, ки мо аз он қонеъ нестем, дар мадди аввал меистад. Мо дар рӯзномаи дуҷониба масоили зиёде дорем. Масъалаҳои марбут ба блоки иқтисодиро истисно намекунам, онҳо низ таваҷҷуҳро тақозо мекунанд", - гуфт ӯ.Ҳоло чизи асосӣ ин аст, ки ба амрикоиҳо расонем, ки Анкориҷ чаҳорчӯберо муқаррар кардааст, ки онҳо бояд дар доираи он кор кунанд, таъкид кард муовини вазир.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳадафи онро “ҳифзинафароне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд” тавсиф кард.Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20251020/zelenskiy-loihai-qonun-tamdid-holati-nizomi-parlumon-1072267626.html
украина
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072272711_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_c3532b8c6286ffebcc0ea880eddf86b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, русия, амалиёти вижа, рубио, има, музокирот, масоил, украина
лавров, русия, амалиёти вижа, рубио, има, музокирот, масоил, украина
Маълум шуд, дар музокироти қарибулвуқӯъи Лавров ва Рубио чӣ масоил баррасӣ мешаванд
Дар мулоқоти Сергей Лавров ва Марко Рубио масоили Украина, ҳамкории дуҷониба ва масоили иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Масъалаи Украина дар мулоқоти қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии Русия ва ИМА Сергей Лавров ва Марко Рубио баррасӣ хоҳад шуд.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков дар Маскав ба хабарнигорон хабар дод.
"Албатта, мавзӯи Ташаббуси стратегии дифоъ ва сиёсати пешгирифтаи гурӯҳи ғарбӣ дар ҳимоят аз Украина, ки мо аз он қонеъ нестем, дар мадди аввал меистад. Мо дар рӯзномаи дуҷониба масоили зиёде дорем. Масъалаҳои марбут ба блоки иқтисодиро истисно намекунам, онҳо низ таваҷҷуҳро тақозо мекунанд", - гуфт ӯ.
Ҳоло чизи асосӣ ин аст, ки ба амрикоиҳо расонем, ки Анкориҷ чаҳорчӯберо муқаррар кардааст, ки онҳо бояд дар доираи он кор кунанд, таъкид кард муовини вазир.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳадафи онро “ҳифзинафароне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд” тавсиф кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.