Филми коргардонони Тоҷикистону Эрон соҳиби Шоҳҷоизаи “Тоҷи Сомон” гардид
11:56 20.10.2025 (Навсозишуда: 14:38 20.10.2025)

© Foto / Киностудия Dov Films
Обуна шудан
Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” аз 15 то 19 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он беш аз 160 филм аз 16 кишвар, намоиш дода шуданд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Филми “Моҳӣ дар шаст”, ки аз ҷониби коргардонони Тоҷикистону Эрон таҳия шудааст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” беҳтарин филм дониста шуд.
Филми бадеии “Моҳӣ дар шаст” шоҳҷоизаи асосии ҷашнвораро соҳиб гардид.
Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ҷашнвора шоми 19 октябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Шоҳҷоиза ба Муҳиддини Музаффар, коргардони филм, тақдим шуд.
Дар маросим инчунин ғолибони номинаҳои дигари ҷашнвора эълон гардиданд:

© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской области
Беҳтарин коргардон: Алексей Герман барои филми "Ҳаво" (Русия);
Беҳтарин наворбардор: Константин Бесаҷе барои филми "Қасри сиёҳ" (Беларус);
Беҳтарин оҳангсоз: Фарзин Халакбар барои филми "Моҳӣ дар шаст" (Эрон);
Беҳтарин нақши мардона: Алтаншагай Ганбаатр барои филми "Падар" (Муғулистон);
Беҳтарин нақши занона: Анастасия Тализина барои филми "Ҳаво" (Русия) ва Таҳмина Раҷабова барои филми "Хоби сурх" (Тоҷикистон);
Беҳтарин филми кӯтоҳи ҳунарӣ: Саодат Казакбаева барои филми "Занги шомгоҳӣ" (Қирғизистон);
Ҷоизаи махсуси ҳакамон: Гулшод Сумангулова барои филми "Шаҳрвандони бом" (Қазоқистон);
Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин: Иван Маниев барои филми "Шаҳзода" (Молдова);
Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография”: Турахон Аҳмадхонов (Тоҷикистон);
Ҷоизаи “Синамо бидуни марз”: Лариса Садилова барои филми "Духтари капитан" (Русия).
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” аз 15 то 19 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он беш аз 160 филм аз 16 кишвар, аз ҷумла Русия, Эрон, Ҳиндустон, Узбекистон ва Тоҷикистон, намоиш дода шуданд.
Аз миёни зиёда аз 300 дархости пешниҳоди филмҳо беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон барои иштирок дар бахшҳои озмунӣ интихоб шуданд.
Ҷашнвора бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои дӯст, рушди синамои миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баргузор гардид.
