https://sputnik.tj/20230803/avrupo-osiyo-korgardonho-jahon-film-khud-tojikiston-namoish-1058620313.html
Аз Аврупо то Осиё: коргардонҳои ҷаҳонӣ филмҳои худро дар Тоҷикистон намоиш медиҳанд
Аз Аврупо то Осиё: коргардонҳои ҷаҳонӣ филмҳои худро дар Тоҷикистон намоиш медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи ҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, намоиши филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштаракаст
2023-08-03T16:01+0500
2023-08-03T16:01+0500
2023-08-03T20:37+0500
дар тоҷикистон
"тоҷикфилм"
фарҳанг
ҳунар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/94/1022639431_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_edc5b5910b615a0d9489f72ce9c8a64f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои нахустин бор синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад. Дар ин бора раҳбари "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш иттилоъ дод. Қарор аст ин ҷашнвора моҳи октябр доир шавад, ки дар он синамогарони кишварҳои Осиё ва Аврупо метавонанд ширкат кунанд. Шоҳиён гуфт, дар ҷашнвора ҳар як кишвари ширкаткунанда метавонад то ду филм, яке барои озмун ва дигаре барои намоиш пешкаш созад. Гуфта мешавад, ки ҷашнвора бо мақсади дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии амокини сайёҳӣ ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо доир мешавад Ба иттилои манбаъ, “Шоҳҷоиза” дар шакли ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон интихоб гардида, бо сифати баланд дар хориҷи кишвар омода карда хоҳад шуд. Раиси "Тоҷикфилм" афзуд, ки чорабинӣ дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бошаҳомат доир хоҳад шуд, ки омодагиҳо идома дорад. Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ ва ҳамзамон намоиши филмҳо дар кинотетрҳои “Наврӯз”, “Ватан”, “Зебуннисо” ба роҳ монда хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20230803/tojikiston-baroi-oskar-film-meofarad-1058617987.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/94/1022639431_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_79ff1486cb890d0c78c255dab071a9fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо осиё коргардонҳо ҷаҳон филм тоҷикистон намоиш
аврупо осиё коргардонҳо ҷаҳон филм тоҷикистон намоиш
Аз Аврупо то Осиё: коргардонҳои ҷаҳонӣ филмҳои худро дар Тоҷикистон намоиш медиҳанд
16:01 03.08.2023 (Навсозишуда: 20:37 03.08.2023) Ҳадафи ҷашнвора - дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, намоиши филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак аст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои нахустин бор синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.
Дар ин бора раҳбари "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш иттилоъ дод.
Қарор аст ин ҷашнвора моҳи октябр доир шавад, ки дар он синамогарони кишварҳои Осиё ва Аврупо метавонанд ширкат кунанд.
Шоҳиён гуфт, дар ҷашнвора ҳар як кишвари ширкаткунанда метавонад то ду филм, яке барои озмун ва дигаре барои намоиш пешкаш созад.
"Дар ҳамкорӣ бо ВУХ ҶТ ба кишваҳои Осиё ва Аврупо аллакай номаҳо равон шудааст ва ҳар як давлат метавонад ду филм яке барои намоиш ва дигарӣ барои озмун пешниҳод намояд", - гуфт Шоҳиён.
Гуфта мешавад, ки ҷашнвора бо мақсади дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии амокини сайёҳӣ ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо доир мешавад
Ба иттилои манбаъ, “Шоҳҷоиза” дар шакли ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон интихоб гардида, бо сифати баланд дар хориҷи кишвар омода карда хоҳад шуд.
Раиси "Тоҷикфилм" афзуд, ки чорабинӣ дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бошаҳомат доир хоҳад шуд, ки омодагиҳо идома дорад.
Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ ва ҳамзамон намоиши филмҳо дар кинотетрҳои “Наврӯз”, “Ватан”, “Зебуннисо” ба роҳ монда хоҳад шуд.