https://sputnik.tj/20251019/uitkoff-muloqot-tramp-zelenskiy-1072229029.html
Маълум шуд, Уиткофф аз Зеленский чӣ талаб кардааст
Маълум шуд, Уиткофф аз Зеленский чӣ талаб кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқоти Трамп ва Зеленский Уитткофф аз Украина талаб кард, ки Донбассро бидиҳад
2025-10-19T16:45+0500
2025-10-19T16:45+0500
2025-10-19T16:45+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
има
украина
амалиёт
доналд трамп
владимир зеленский
талабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/13/1072228046_0:0:1350:759_1920x0_80_0_0_df45a965902ea2d49dac9319159c2d4e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Фиристодаи вижаи президенти ИМА Стив Уиткофф ҳангоми мулоқоти Доналд Трамп бо Владимир Зеленский аз Украина талаб кард, ки Донбассро ба Русия диҳад, хабар медиҳад The Washington Post. Гузашта аз ин, дар матлаб таъкид мешавад, ки украиниҳо умедвор буданд, ки мулоқоти рӯзи ҷумъаро бо мушакҳои дурпарвози "Тома"авк" тарк кунанд, вале дасти холӣ рафтанд. Ахиран Трамп дар Вашингтон бо Зеленский мулоқот кард. Тавре шабакаи телевизионии CNN хабар дод, дар ҷараёни як сӯҳбати "мустақим ва ошкоро" раҳбари Кохи Сафед ба раҳбари режими Киев возеҳ гуфтааст, ки мушакҳои дурпарвозро намедиҳад. Axcios дар навбати худ навишт, ки гуфтушунид душвор буд ва роҳбари ИМА зимни мулоқот ҷиддӣ буд. Дигар расонаҳои ғарбӣ низ қайд карданд, ки Зеленский натавонист ба ҳадафҳои худ, аз ҷумла ба даст овардани силоҳҳои дурпарвоз ноил шавад.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251018/tramp-zelenskiy-nizo-ukraina-khotima-1072204515.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/13/1072228046_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_7a51c4724df204fded17ab49e1b49846.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрон, украина, ҳал
Маълум шуд, Уиткофф аз Зеленский чӣ талаб кардааст
Дар мулоқоти Трамп ва Зеленский Уитткофф аз Украина талаб кард, ки Донбассро бидиҳад
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Фиристодаи вижаи президенти ИМА Стив Уиткофф ҳангоми мулоқоти Доналд Трамп бо Владимир Зеленский аз Украина талаб кард, ки Донбассро ба Русия диҳад, хабар медиҳад The Washington Post.
"Уиткофф дар мулоқоти рӯзи ҷумъа ба ҳайати Украина фишор овард, то Донбассро таслим кунад ва қайд кард, ки минтақа умдатан русзабон аст", - омадааст дар гузориш.
Гузашта аз ин, дар матлаб таъкид мешавад, ки украиниҳо умедвор буданд, ки мулоқоти рӯзи ҷумъаро бо мушакҳои дурпарвози "Тома"авк" тарк кунанд, вале дасти холӣ рафтанд.
Ахиран Трамп дар Вашингтон бо Зеленский мулоқот кард. Тавре шабакаи телевизионии CNN хабар дод, дар ҷараёни як сӯҳбати "мустақим ва ошкоро" раҳбари Кохи Сафед ба раҳбари режими Киев возеҳ гуфтааст, ки мушакҳои дурпарвозро намедиҳад.
Axcios дар навбати худ навишт, ки гуфтушунид душвор буд ва роҳбари ИМА зимни мулоқот ҷиддӣ буд. Дигар расонаҳои ғарбӣ низ қайд карданд, ки Зеленский натавонист ба ҳадафҳои худ, аз ҷумла ба даст овардани силоҳҳои дурпарвоз ноил шавад.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.