Аз ошу асал то тарбузу харбуза: маълум шуд Иди Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад

© SputnikФестиваль Мехргон в Душанбе. Архивное фото
Фестиваль Мехргон в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2025
Обуна шудан
Дар Душанбе ба муносибати Иди Меҳргон як қаттор фестивалу намошгоҳҳои кишоварзӣ баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон мегардад
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи 19 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон - Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш додааст.
Дар баробари ин, дар ин рӯз "Ҷашнвораи занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал", "Иди себ ва ангур", "Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ" ва "Иди тарбуз, харбуза ва каду" гузаронида мешавад.
Дар Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ҷашн мебошанд, ба намоиш мегузоранд.
Аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои кишвар, ғизоҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ маҳсулоташонро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Кумитаву идораҳои давлатӣ дар ин ҷашнгоҳ дастовардҳои соҳаи худро пешниҳод менамоянд.
Инчунин дар ин идгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон мегардад.
Заглушка к инфографике Праздничные и выходные дни в Таджикистане в ноябре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2025
Дар моҳи октябр тоҷикистониёнро чӣ идҳо интизор аст: тақвим
Дар ин рӯз барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ пешқадамони соҳа ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани Иди Меҳргон фаъолон қадршиносӣ карда мешаванд.
Рӯзҳои Ид ва истироҳат дар Тоҷикистон: тақвим барои соли 2025
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар ҷумҳурӣ Меҳргон чун иди миллӣ таҷлил мешавад.
Меҳргон чун ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайра аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0