Ба ниёзмандони Хатлон ба маблағи беш аз 85 млн сомонӣ кумак расонида шудааст

© Sputnik Типичный старик - житель Воруха
 Типичный старик - житель Воруха - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2025
Обуна шудан
Ин миқдор маблағ ба табақаи эҳтиёҷманди вилояти Хатлон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ тақдим шудааст
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба ниёзмандони вилояти Хатлон дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба маблағи беш аз 85 млн сомонӣ кумаки иҷтимоӣ расонида шудааст.
Дар ин бора, мақомоти вилоят дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи фаъолияташ гузориш додааст.
Ҳамчунин, ба ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ 77 ҳазору 734 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи умумии 52 миллион сомонӣ кумакпулӣ дарёфт намудаанд.
"Дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ ба гурӯҳҳои иҷтимоии эҳтиёҷманд, аз ҷумла собиқадорон, ятимон ва хонаводаҳои камбизоат ба маблағи умумии 85,5 миллион сомонӣ кумак расонида шудааст", - омадааст дар гузориш.
Дар вилоят 305 ҳазору 970 нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 14 ҳазору 412 нафар зиёд мебошад.
Маблағи умумии нафақа бошад, 1,3 млрд сомонӣ буда, нисбат ба соли гузашта 23,2% афзоиш ёфтааст.
Контрольное совещание с сотрудниками правоохранительных органов города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2025
Аз куҳансарбозони ҶБВ то тамизкорон: Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор ниёзманд кумак кард
Ба 1, 5 ҳаз. нафар ворисони фавтидагон 2,1 млн сомонӣ кумакпулӣ пардохт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0