Аз куҳансарбозони ҶБВ то тамизкорон: Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор ниёзманд кумак кард

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиКонтрольное совещание с сотрудниками правоохранительных органов города Душанбе
Контрольное совещание с сотрудниками правоохранительных органов города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2025
Обуна шудан
Дар остонаи таҷлили 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба 5 ҳазор нафар аз ниёзмандон кумаки моддӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар остонаи Ҷашни истиқлоли давлатӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди кишвар кумаки молӣ ва моддӣ расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ 5000 нафар ниёзмандон кумак дарёфт кардаанд.
"Дар арафаи таҷлили 3у-умин солгарди истиқлол қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо кардани маблағ ба имзо расид", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи дастури раиси шаҳр, кумаки молӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда расонида шуд.
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2025
Муфтии Тоҷикистон аз мардум хост, дар ид исрофкорӣ накунанду ба зарардидагон кумак кунанд
Дар баробари ин, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарасторон ва кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ, кумакҳои пулию молӣ дарёфт карданд.
Ҳамчунин, бар асоси ин қарор раисони навоҳии шаҳри Душанбе муваззаф шуданд, ки дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои кумаки моддӣ ба кӯдакони ятиму чора андешанд.
Лентаи хабарҳо
0