https://sputnik.tj/20251017/narishkin-vokunish-rusiya-tomagavk-ukraina-1072175966.html
Наришкин дар бораи вокуниши Русия ба интиқоли "Томагавк" ба Украина гуфт
Наришкин дар бораи вокуниши Русия ба интиқоли "Томагавк" ба Украина гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Наришкин гуфт, Русия интиқоли мушакҳои "Томагавк" ба Украинаро як иқдоми душманона медонад
2025-10-17T14:32+0500
2025-10-17T14:32+0500
2025-10-17T14:32+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
сергей наришкин
русия
украина
аслиҳа
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/16/1067081302_0:94:3103:1839_1920x0_80_0_0_a8111cd2dc1f27ed52d346ccd9b22ff0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Русия интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Украинаро як иқдоми душманона медонад. Дар ин бора, директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин сухан гуфт.Президенти ИМА Доналд Трамп қаблан эълом карда буд, ки дар мавриди интиқоли мушакҳои болдор ба Киев тақрибан тасмим гирифтааст, аммо ӯ мехост бифаҳмад, ки режими Киев аз онҳо чӣ гуна истифода карданист.Гузашта аз ин, Вашингтон метавонад ба Киев аз 20 то 50 мушаки "Томахавк" ҷудо кунад.Кремл дар посух гуфт, ки чунин иқдом метавонад авҷгирии ҷиддӣ бошад, зеро "Томагавк" қодир ба силоҳи ҳастаӣ аст.Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки истифодаи Киев аз "Томагавк" ба равобити Русия ва Амрико халал мерасонад. Вай қайд кард, ки истифодаи ин мушакҳо дар Украина бидуни ширкати мустақими низомиёни амрикоӣ ғайриимкон аст.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20251017/tomakhavk-ukraina-nizomiyon-ima-1072155258.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/16/1067081302_72:0:2801:2047_1920x0_80_0_0_649b2945eb47bdbfa2c3fd91b6810b31.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има , украина, "томагавк"
има , украина, "томагавк"
Наришкин дар бораи вокуниши Русия ба интиқоли "Томагавк" ба Украина гуфт
Наришкин гуфт, Русия интиқоли мушакҳои "Томагавк" ба Украинаро як иқдоми душманона медонад
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Русия интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Украинаро як иқдоми душманона медонад.
Дар ин бора, директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин сухан гуфт.
"Агар ин чиз сурат мегирифт, Русия ин иқдомро, душманона қабул мекард. Ин иқдом - (шарҳ аз идора), хатарҳои амниятиро на танҳо дар Аврупо, балки дар саросари ҷаҳон низ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш медиҳад", - гуфт Наришкин ба хабарнигорон дар пайи нишасти раҳбарони хадамоти иутишофии ИДМ дар Самарқанд.
Президенти ИМА Доналд Трамп қаблан эълом карда буд, ки дар мавриди интиқоли мушакҳои болдор ба Киев тақрибан тасмим гирифтааст, аммо ӯ мехост бифаҳмад, ки режими Киев аз онҳо чӣ гуна истифода карданист.
Гузашта аз ин, Вашингтон метавонад ба Киев аз 20 то 50 мушаки "Томахавк" ҷудо кунад.
Кремл дар посух гуфт, ки чунин иқдом метавонад авҷгирии ҷиддӣ бошад, зеро "Томагавк" қодир ба силоҳи ҳастаӣ аст.
Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки истифодаи Киев аз "Томагавк" ба равобити Русия ва Амрико халал мерасонад. Вай қайд кард, ки истифодаи ин мушакҳо дар Украина бидуни ширкати мустақими низомиёни амрикоӣ ғайриимкон аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.