Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

FT: Мушакҳои "Томахавк" -ро дар Украина низомиёни ИМА идора хоҳад кард

© AP / STEVE HELBERСпециалисты по боевой информации на ракетном крейсере класса "Тикондерога" USS Cowpens в водах Мексиканского залива. Архивное фото
Специалисты по боевой информации на ракетном крейсере класса Тикондерога USS Cowpens в водах Мексиканского залива. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2025
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳида қасд надорад, ки агар ба Украина мушакҳои "Томагавк" ворид шаванд, ба низомиёни украинӣ омӯзиши назорати мушакӣ диҳад
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Агар ИМА мушакҳои "Томахавк" -ро ба Украина супорад, худи амрикоиҳо мушакҳоро назорат хоҳанд кард.
Дар ин бора дар мақолаи Financial Times хабар дода шудааст.
"Агар ин санад тасвиб шавад, мушакҳо зудтар интиқол дода мешаванд ва пудратчиёни амрикоӣ барои идора кардани онҳо истифода хоҳанд шуд, гуфт як мацомдори баландпояи низомии ғарбӣ. Вай афзуд, ки ин зарурати омӯзиши густурда барои сарбозони Украинаро аз байн хоҳад бурд ва ба ИМА имкон медиҳад, ки назорат бар ҳадаф ва дигар масоилро дар ихтиёр дошта бошад".
Президенти ИМА Доналд Трамп қаблан эълом карда буд, ки дар мавриди интиқоли мушакҳои болдор ба Киев тақрибан тасмим гирифтааст, аммо ӯ мехост бифаҳмад, ки режими Киев аз онҳо чӣ гуна истифода карданист.
Гузашта аз ин, Вашингтон метавонад ба Киев аз 20 то 50 мушаки "Томахавк" ҷудо кунад.
Кремл дар посух гуфт, ки чунин иқдом метавонад авҷгирии ҷиддӣ бошад, зеро "Томагавк" қодир ба силоҳи ҳастаӣ аст.
Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки истифодаи Киев аз "Томагавк" ба равобити Русия ва Амрико халал мерасонад. Вай қайд кард, ки истифодаи ин мушакҳо дар Украина бидуни ширкати мустақими низомиёни амрикоӣ ғайриимкон аст.
Варианты российского ответа на украинские Томагавки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Агар нерӯҳои Украина аз "Томагавк" истифода баранд, пас "Орешник" -ҳо ба амал мегузаранд
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0