https://sputnik.tj/20251017/ahmadzoda-farghona-tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-1072177745.html
Аҳмадзода: Фарғона садсолаҳо Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистонро мепайвандад
Аҳмадзода: Фарғона садсолаҳо Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистонро мепайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин бора, раиси вилояти Суғд зимни ширкат ва суханронӣ дар "Форуми сулҳи Фарғона" қайд кард
2025-10-17T15:02+0500
2025-10-17T15:02+0500
2025-10-17T15:02+0500
узбекистон
қирғизистон
дар тоҷикистон
раҷаббой аҳмадзода
форум
дӯстӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0c/1057072891_0:0:1157:651_1920x0_80_0_0_9cb6dae3637028504c549702afe43520.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар "Форуми сулҳи Фарғона" ширкат ва суханронӣ кард.Дар кори форум дар баробари Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Айбек Шаменов ширкат карданд.Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ таъкид кард, ки "Форуми сулҳи Фарғона” халқҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боз ҳам наздиктар месозад.Аҳмадзода инчунин қайд намуд, ки саммити сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, рӯйдоди таърихие гардид. Ӯ қайд кард, ки пас аз боз шудани сарҳадҳо, ҳар рӯз ҳазорон шаҳрванд барои сайру саёҳат, дидорбинии дӯстону наздикон ва рушди тиҷорату ҳамкорӣ ба вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон меоянд. Дар идомаи суханронӣ Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои рушдёфтаи Тоҷикистон буда, бо вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон, инчунин бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамкориҳои зич дорад.Дар анҷом зикр гардид, ки "Форуми сулҳи Фарғона” имкониятҳои навро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, чорводорӣ, илм, маориф ва сайёҳӣ фароҳам меорад.
https://sputnik.tj/20250331/saron-tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-sozishnoma-tarikh-imzo-kardand-1066794921.html
узбекистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0c/1057072891_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_856bcefc7de8fae4cacce4d1287d8be5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкат, раҷаб аҳмадзода, "форуми сулҳи фарғона"
ширкат, раҷаб аҳмадзода, "форуми сулҳи фарғона"
Аҳмадзода: Фарғона садсолаҳо Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистонро мепайвандад
Дар ин бора, раиси вилояти Суғд зимни ширкат ва суханронӣ дар "Форуми сулҳи Фарғона" қайд кард
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар "Форуми сулҳи Фарғона" ширкат ва суханронӣ кард.
Дар кори форум дар баробари Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Айбек Шаменов ширкат карданд.
Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ таъкид кард, ки "Форуми сулҳи Фарғона” халқҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боз ҳам наздиктар месозад.
"Ин минтақа садсолаҳо боз мардумони се кишварро бо таърих, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои муштарак мепайвандад. Имрӯз мо ин анъанаи қадимиро идома дода, дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоядории некро ҳамчун асоси субот ва рушд арҷ мегузорем", – афзуд ӯ.
Аҳмадзода инчунин қайд намуд, ки саммити сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, рӯйдоди таърихие гардид.
Ӯ қайд кард, ки пас аз боз шудани сарҳадҳо, ҳар рӯз ҳазорон шаҳрванд барои сайру саёҳат, дидорбинии дӯстону наздикон ва рушди тиҷорату ҳамкорӣ ба вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон меоянд.
"Ин раванд нишонаи равшани эътимоду дӯстии халқҳои ҳамсоя мебошад", - гуфт Аҳмадзода.
Дар идомаи суханронӣ Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои рушдёфтаи Тоҷикистон буда, бо вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон, инчунин бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамкориҳои зич дорад.
Дар анҷом зикр гардид, ки "Форуми сулҳи Фарғона” имкониятҳои навро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, чорводорӣ, илм, маориф ва сайёҳӣ фароҳам меорад.