https://sputnik.tj/20251016/tojikiston-tarafdor-dastrasi-oddilona-energetiki-1072153636.html
Тоҷикистон тарафдори дастрасии одилона ба захираҳои энергетикӣ аст
Тоҷикистон тарафдори дастрасии одилона ба захираҳои энергетикӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Далер Ҷумъа дар Маскав дар бораи таъмини амнияти энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ин самт гуфт
2025-10-16T18:13+0500
2025-10-16T18:13+0500
2025-10-16T19:39+0500
энергетика
далер ҷумъа
маскав
дар тоҷикистон
энержӣ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/10/1072147741_0:466:2813:2048_1920x0_80_0_0_23d5217ea2e783492db1be435b5368fa.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа гуфт, Тоҷикистон тарафдори дастрасии оддилона ба захираҳои энергетикӣ аст.Чунин изҳоротро вазир дар мубоҳисаи панелӣ таҳти унвони "Кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АДОҶШ) дар роҳи ташаккули одилонаи энергетикӣ", ки дар ҳошияи VIII Форуми байналмилалии "Ҳафтаи энергетикии Русия" баргузор гардид, ироа кард.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энергетикӣ гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намуд.Зимни мубоҳисаҳо зикр гаштааст, ки имрӯз кишварҳои СҲШ ва АДОҶШ воқеияти нави иқтисодӣ ва сармоягузориро ба вуҷуд оварда, диди хоси худро дар бораи ояндаи энергетика пеш мебаранд, ки ба ташаккули модели баробарҳуқуқ, мутавозин ва устувори рушди энергетикаи ҷаҳонӣ равона шудааст.Дар чорабинӣ роҳбарону намояндагони баландпояи сохторҳои соҳавӣ, аз ҷумла вазири энержии Русия Сергей Сивилёв, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбоев, вазири энержии Судон Элмутасим Иброҳим, президенти Маркази тадқиқоти энергетикии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Ирие Казутомо, инчунин ҳайатҳои расмии давлатҳои узв ва коршиносони байналмилалӣ ширкат кардаанд.
https://sputnik.tj/20251003/tojikiston-hadaf-maqom-sabz-energetika-1071723522.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/10/1072147741_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_5763884c32e8b85273d714b3a3a7a203.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
энергетика, далер ҷумъа, маскав, дар тоҷикистон, энержӣ, осиёи марказӣ
энергетика, далер ҷумъа, маскав, дар тоҷикистон, энержӣ, осиёи марказӣ
Тоҷикистон тарафдори дастрасии одилона ба захираҳои энергетикӣ аст
18:13 16.10.2025 (Навсозишуда: 19:39 16.10.2025) Дар ин бора, Далер Ҷумъа дар Маскав дар дар ҳошияи VIII Форуми байналмилалии "Ҳафтаи энергетикии Русия" гуфт
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа гуфт, Тоҷикистон тарафдори дастрасии оддилона ба захираҳои энергетикӣ аст.
Чунин изҳоротро вазир дар мубоҳисаи панелӣ таҳти унвони "Кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АДОҶШ) дар роҳи ташаккули одилонаи энергетикӣ", ки дар ҳошияи VIII Форуми байналмилалии "Ҳафтаи энергетикии Русия" баргузор гардид, ироа кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энергетикӣ гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
"Тоҷикистон, ҳамчун кишваре бо захираҳои бузурги обию энергетикӣ, ҷонибдори рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва таъмини дастрасии одилона ба захираҳои энергетикӣ мебошад", - таъкид кард Далер Ҷумъа.
Зимни мубоҳисаҳо зикр гаштааст, ки имрӯз кишварҳои СҲШ ва АДОҶШ воқеияти нави иқтисодӣ ва сармоягузориро ба вуҷуд оварда, диди хоси худро дар бораи ояндаи энергетика пеш мебаранд, ки ба ташаккули модели баробарҳуқуқ, мутавозин ва устувори рушди энергетикаи ҷаҳонӣ равона шудааст.
Дар чорабинӣ роҳбарону намояндагони баландпояи сохторҳои соҳавӣ, аз ҷумла вазири энержии Русия Сергей Сивилёв, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбоев, вазири энержии Судон Элмутасим Иброҳим, президенти Маркази тадқиқоти энергетикии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Ирие Казутомо, инчунин ҳайатҳои расмии давлатҳои узв ва коршиносони байналмилалӣ ширкат кардаанд.