Далер Ҷумъа: Тоҷикистон ҳадаф дорад то соли 2037 мақоми комилан "сабз" -ро гирад

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкФотоэлектрические элементы на солнечной электростанции. Иллюстративное фото
Фотоэлектрические элементы на солнечной электростанции. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Обуна шудан
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Остона дар боари ҳадафҳои Тоҷикистон барои табдил ёфтан ба макони комилан "сабз" гуфт
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мизи мудаввари Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) ширкат ва суханронӣ кард.
Ӯ зимни суҳбаташ дар бораи тавлиди энергияи "сабз" аз стратегияи Тоҷикистон дар ин самт ёдрас шуд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз тақрибан 98% -и неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва мутобиқи стратегияи дарозмуддати рушд, ҷумҳурӣ нақша дорад то соли 2032 пурра ба истфодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад.
"Бо шарофати ин, Тоҷикистон ба шумори давлатҳое дохил мешавад, ки сатҳи пасттарини ихроҷи гази карбон доранд. Ҳадафи дурнамои Тоҷикистон ба даст овардани мақоми комилан "сабз" то соли 2037 мебошад", - гуфт Далер Ҷумъа.
Дар мизи мудаввар, ки таҳти унвони "Суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ" дар Остона дар доираи Kazakhstan Energy Week – 2025 баргузор шуд, мудири кулли IRENA Франческо Ла Камера, вазири энежии Қазоқистон Ерлан Аккенженов, вазири энержии Озарбойҷон Парвиз Шаҳбозов ва намояндагони кишварҳои гуногун ширкат карданд.
Ҷаласа ба масъалаи тезондани гузариш ба энергетикаи "сабз" дар Осиёи Марказӣ дар доираи ташаббуси APRECA аз ҷониби IRENA бахшида шуд.
Дар ин ҷаласа, қадамҳои амалии се маротиба зиёд кардани иқтидорҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва боло бурдани самаранокии энергетикӣ то соли 2030 баррасӣ гардиданд
Строительство Рогунской ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Қазоқистон омода аст созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи "Роғун"-ро имзо кунад
Дар маркази диққат ҳамчунин, масъалаҳои рушди инфрасохтор, ҳамгироии минтақавӣ, маҳаллӣ гардондани истеҳсолот, такмил додани қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ қарор доштанд.
Дар натиҷаи мизи мудаввар ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ, мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам ва таҳкими амнияти энергетикии минтақавӣ таъкид намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0