Тоҷикистон ва "Росатом" нерӯгоҳҳои офтобӣ месозанд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкСолнечная электростанция. Иллюстративное фото
Солнечная электростанция. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2025
Обуна шудан
Намояндагони як корпоратсияи давлатии Русия ва Вазорати энержии Тоҷикистон дар бораи бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ёддошт имзо карданд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон ва ширкати “Росатом” дар бораи бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори то 500 МВт дар кишвар ёддошт имзо карданд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати энержӣ, маросими имзо дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии Душанбе Инвест 2025 баргузор шуд.
Илова бар ин, ҳамчунин бо ширкатҳои чинии "Wuhan Building Material Industry" ва "Ejing Technology", "ROX Group"-и ветнамӣ ва ширкати тоҷикии "Аён Энерҷӣ" дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон протоколу ёддоштҳо ба имзо расидаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи “Душанбе Инвест 2025” изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои азими энергияи барқароршаванда – обӣ, офтобӣ ва бодӣ имконоти бузург дорад.
Фотоэлектрические элементы на солнечной электростанции. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Далер Ҷумъа: Тоҷикистон ҳадаф дорад то соли 2037 мақоми комилан "сабз" -ро гирад
Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби ҷумҳурӣ эълом карда буд, ки иқтидори умумии нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон то соли 2030 бояд на камтар аз 2000 МВт бошад.
Лентаи хабарҳо
0