https://sputnik.tj/20251016/siyyarto-ukraina-khatar-nav-avj-1072140310.html
Сийярто умедвор аст, ки Трамп дар ҳалли буҳрони Украина муваффақ хоҳад шуд
Сийярто умедвор аст, ки Трамп дар ҳалли буҳрони Украина муваффақ хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷӣ ва равобити иқтисодии Маҷористон дар бораи интиқоли эҳтимолии мушакҳои болдори “Томагавк” ба Киев изҳори назар кард
2025-10-16T13:14+0500
2025-10-16T13:14+0500
2025-10-16T13:14+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар ҷаҳон
венгрия
украина
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0f/1072121000_0:0:1963:1105_1920x0_80_0_0_ecc27e93e64c94cd72909c30e4fb00eb.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Ҳар рӯзи муноқиша дар Украина хатари нави авҷ гирифтани онро ба вуҷуд меорад.дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петр Сийярто гуфт.Дипломат дар ҳошияи форуми "Ҳафтаи энержии Русия" дар бораи хатари интиқоли мушакҳои амрикоии "Томагавк" ба Украина изҳори назар кард. "Мо дарк мекунем, ки ҳар рӯз идомаи ҷанг хатари авҷгирии ҷиддиро эҷод мекунад", - гуфт дипломат.Дар баробари ин вай умедвор аст, ки ихтилофот ҳал мешавад. Вазир ин имконро дар иштироки президенти ИМА Доналд Трамп мебинад. "Мо пас аз нишасти Аляска хеле рӯҳбаланд шудем ва то ҳол умедворем, ки талошҳои Трамп барои истиқрори сулҳ дар минтақа муваффақ хоҳанд шуд", - гуфт Сийярто.Ҳафтаи гузашта раҳбари ИМА изҳор дошт, ки дар мавриди интиқоли мушакҳо ба Киев тақрибан тасмим гирифтааст, аммо мехоҳад бифаҳмад, ки Украина аз онҳо чӣ гуна истифода карданист. Вай ҳамчунин қайд кард, ки шумораи ниҳоии мушакҳои мавриди назар 50 адад хоҳад буд, ки ба динамикаи амалиёти низомӣ таъсири ҳалкунанда намерасонад.
https://sputnik.tj/20251015/tramp-erdughon-buhron-ukraina-1072115633.html
русия
венгрия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0f/1072121000_243:0:1963:1290_1920x0_80_0_0_76327da9ff35eab317c6bde231880ec3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрон, украина, ҳал
Сийярто умедвор аст, ки Трамп дар ҳалли буҳрони Украина муваффақ хоҳад шуд
Вазири корҳои хориҷӣ ва равобити иқтисодии Маҷористон дар бораи интиқоли эҳтимолии мушакҳои болдори “Томагавк” ба Киев изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Ҳар рӯзи муноқиша дар Украина хатари нави авҷ гирифтани онро ба вуҷуд меорад.
дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петр Сийярто гуфт.
Дипломат дар ҳошияи форуми "Ҳафтаи энержии Русия" дар бораи хатари интиқоли мушакҳои амрикоии "Томагавк" ба Украина изҳори назар кард.
"Мо дарк мекунем, ки ҳар рӯз идомаи ҷанг хатари авҷгирии ҷиддиро эҷод мекунад", - гуфт дипломат.
Дар баробари ин вай умедвор аст, ки ихтилофот ҳал мешавад. Вазир ин имконро дар иштироки президенти ИМА Доналд Трамп мебинад.
"Мо пас аз нишасти Аляска хеле рӯҳбаланд шудем ва то ҳол умедворем, ки талошҳои Трамп барои истиқрори сулҳ дар минтақа муваффақ хоҳанд шуд", - гуфт Сийярто.
Ҳафтаи гузашта раҳбари ИМА изҳор дошт, ки дар мавриди интиқоли мушакҳо ба Киев тақрибан тасмим гирифтааст, аммо мехоҳад бифаҳмад, ки Украина аз онҳо чӣ гуна истифода карданист.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки шумораи ниҳоии мушакҳои мавриди назар 50 адад хоҳад буд, ки ба динамикаи амалиёти низомӣ таъсири ҳалкунанда намерасонад.