Путин ба ифтитоҳи намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон розигӣ дод

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин. Архивное фото
Президент РФ Владимир Путин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2025
Обуна шудан
Интизор меравад, ки Русия ва Тоҷикистон намояндагиҳои ниҳодҳои интизомӣ ва муҳоҷиратро ба таври мутақобила боз кунанд
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки созишномаи эҳтимолии ифтитоҳи намояндагиҳои вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар ду кишварро тасдиқ мекунад.
Ҳуҷҷат дар портали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастрас аст.
Дар созишнома гуфта мешавад, ки Русия ва Тоҷикистон дар кишварҳои худ намояндагиҳои ниҳодҳои интизомӣ ва муҳоҷиратро ба таври мутақобила боз хоҳанд кард.
Ин ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва идоракунии соҳаи муҳоҷират мусоидат мекунад.
"Пешниҳоди ҳукумати Русия дар бораи имзои Созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдори умури дохилӣ ва муҳоҷират дар Русия ва Тоҷикистонро қабул кунед", — омадааст дар санади нашршуда.
Бар асоси тарҳи созишнома, Русия дар Душанбе намояндагии Вазорати умури дохилии Русияро боз мекунад. Дар иваз Тоҷикистон дар Маскав ду намояндагӣ таъсис хоҳад дод: яке барои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигаре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Вазифаҳои асосии сохторҳои нав таъмини ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи ҷиноятҳои фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират хоҳад буд.
Заседание совета глав государств СНГ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Путин роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро нишон дод
Ёдовар мешавем, ки авохири соли 2022 намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав дар Душанбе ифтитоҳ ёфт. Дар он ҷо муҳоҷирон метавонанд аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия имтиҳон супоранд ва инчунин шаҳодатномаи барои дарёфти иҷозаи кор дар Русия заруриро дарёфт кунанд.
Гузашта аз ин, мақомоти Тоҷикистон омодаанд, ки барои шаҳрвандон пеш аз рафтан ба Русия расмиёти ташхиси изи ангушт ва ташхиси тиббиро ташкил намоянд.
Лентаи хабарҳо
0