https://sputnik.tj/20251015/sberbank-starlink-imzoi-sozishnoma-hamkori-dushanbe-1072090323.html
Аз Сбербанк то Starlink: имзои 8 созишномаи ҳамкорӣ дар “Dushanbe Invest–2025”
Аз Сбербанк то Starlink: имзои 8 созишномаи ҳамкорӣ дар “Dushanbe Invest–2025”
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025" бо як қатор ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид
2025-10-15T09:36+0500
2025-10-15T09:36+0500
2025-10-15T09:36+0500
дар тоҷикистон
интернет
сбербанк
алоқа
рақамӣ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0e/1072089653_0:112:1280:832_1920x0_80_0_0_c273d58bc6354e1afd0a4917790ca428.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар “Dushanbe Invest–2025” ҳашт санади ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ба имзо расид, иттилоъ джодааст дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.Қайд карда шудааст, ки дар форуми мазкур Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва зерсохторҳои он бо як қатор ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ санадҳои муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузориро ба имзо расониданд.Таъкид шудааст, ки санадҳо ба самтҳои асосии рушди рақамикунонии иқтисодиёт, инфрасохтори интернетӣ, технологияи 5G, маорифи рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ рабт доранд.Аз ҷумла Хадамоти алоқа созишномаи литсензионӣ бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) барои оғози фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон имзо кард, ки тибқи он кишвар соҳиби дастрасӣ ба шабакаи интернети глобалии моҳворавӣ мегардад.Ҳамзамон, бо иштироки “Сбербанк России” ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси мактаби барномасозии "ШКОЛА 21" ба имзо расид.Дар соҳаи алоқаи байналмилалӣ ҶСК "Тоҷиктелеком", Pakistan Telecommunication Company Limited (PTCL) ва Afghan Wireless Communication Company (AWCC) шартномаи тиҷоратӣ барои ворид намудани трафики интернет тавассути Покистонро ба имзо расониданд.Дар доираи форуми мазкур, Ёддошти тафоҳум барои таъсиси консорсиуми миллии 5G байни Хадамоти алоқа ва ҳамаи операторони мобилӣ (“Индиго Тоҷикистон”, “ТТ Мобайл”, “Вавилон М”, “Таком” ва “Тоҷиктелеком”) ба имзо расид.Ҳамчунин, бо ширкатҳои Eutelsat Group, Huawei Technologies Tajikistan, ва ширкати олмонии ROHDE & SCHWARZ GmbH & Co. KG Ёддошту протоколҳои ҳамкорӣ дар самтҳои иртиботи моҳворавӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва таъсиси Маркази миллии радиомониторинг ба маблағи 15 миллион евро ба имзо расиданд.Ба иттилои манбаъ, дар доираи форум ҳамзамон байни Хадамоти алоқа ва Вазорати технологияҳои рақамии Узбекистон санади ҳамкорӣ барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия ба имзо расонида шуд.Қайд карда шудааст, ки татбиқи ин санадҳо қадами калидӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои интернетӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои технологӣ миёни Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20250912/arzontarin-internet-osiyoi-markazi-1071099115.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0e/1072089653_86:0:1195:832_1920x0_80_0_0_22a1d82d12385c7f4b454dfce550879b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, созишнома, имзо, интернет, алоқа форум
тоҷикистон, душанбе, созишнома, имзо, интернет, алоқа форум
Аз Сбербанк то Starlink: имзои 8 созишномаи ҳамкорӣ дар “Dushanbe Invest–2025”
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025" бо як қатор ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар “Dushanbe Invest–2025” ҳашт санади ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ба имзо расид, иттилоъ джодааст дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, ки дар форуми мазкур Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва зерсохторҳои он бо як қатор ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ санадҳои муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузориро ба имзо расониданд.
Таъкид шудааст, ки санадҳо ба самтҳои асосии рушди рақамикунонии иқтисодиёт, инфрасохтори интернетӣ, технологияи 5G, маорифи рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ рабт доранд.
Аз ҷумла Хадамоти алоқа созишномаи литсензионӣ бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) барои оғози фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон имзо кард, ки тибқи он кишвар соҳиби дастрасӣ ба шабакаи интернети глобалии моҳворавӣ мегардад.
Ҳамзамон, бо иштироки “Сбербанк России” ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси мактаби барномасозии "ШКОЛА 21" ба имзо расид.
Дар соҳаи алоқаи байналмилалӣ ҶСК "Тоҷиктелеком", Pakistan Telecommunication Company Limited (PTCL) ва Afghan Wireless Communication Company (AWCC) шартномаи тиҷоратӣ барои ворид намудани трафики интернет тавассути Покистонро ба имзо расониданд.
Дар доираи форуми мазкур, Ёддошти тафоҳум барои таъсиси консорсиуми миллии 5G байни Хадамоти алоқа ва ҳамаи операторони мобилӣ (“Индиго Тоҷикистон”, “ТТ Мобайл”, “Вавилон М”, “Таком” ва “Тоҷиктелеком”) ба имзо расид.
Ҳамчунин, бо ширкатҳои Eutelsat Group, Huawei Technologies Tajikistan, ва ширкати олмонии ROHDE & SCHWARZ GmbH & Co. KG Ёддошту протоколҳои ҳамкорӣ дар самтҳои иртиботи моҳворавӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва таъсиси Маркази миллии радиомониторинг ба маблағи 15 миллион евро ба имзо расиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи форум ҳамзамон байни Хадамоти алоқа ва Вазорати технологияҳои рақамии Узбекистон санади ҳамкорӣ барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия ба имзо расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки татбиқи ин санадҳо қадами калидӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои интернетӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои технологӣ миёни Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.