Арзонтарин интернет дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ аст?

© Unsplash / Frederik LipfertЭкран мобильного телефона
Экран мобильного телефона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2025
Обуна шудан
Интернети дастрастарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон аст. Аммо, сокинони Туркманистон барои интернет 67 баробар бештар пардохт мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Нархи интернет дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз арзонтаринҳост.
Ҳамин тариқ, сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна барои 1 ГБ 0,25 доллар пардохт мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дастрастарин интернет дар Қирғизистон аст. Дар ин ҷо интернет хамагӣ 0,17 доллар арзиш дорад.
Дар Узбекистон дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет каме гаронтар аст - 0,3 доллар. Дар Қазоқистон барои интернет 0,41 доллар пардохт мекунанд.
Аммо, дар Туркманистон нарх аз Тоҷикистон 45 маротиба фарқ мекунад. Ин кишвар дар садри гаронарзиштарин интернет қарор дорад - сокинони он барои интернет 11,42 доллар пардохт мекунанд.
© SputnikНархи интернет дар кишварҳои Осиёи Миёна
Нархи интернет дар кишварҳои Осиёи Миёна  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2025
Нархи интернет дар кишварҳои Осиёи Миёна
Қаблан раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, ваъда дода буд, ки дар ояндаи наздик суръати интернетро дар ҷумҳурӣ ба 100 Мбит/с мерасонад.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 5,1 млн нафар корбарони интернет ҳастанд, ки 4,9 млн нафарашон муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 6 оператори мобилӣ ва 24 оператори алоқаи доимӣ дастрасӣ ба шабакаро таъмин мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0