Дар Тоҷикистон нерӯгоҳи Шӯроб ва чанд неругоҳи офтобӣ бунёд мегардад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаМеждународный инвестиционный форум "Душанбе Инвест – 2025"
Международный инвестиционный форум Душанбе Инвест – 2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе Инвест – 2025" аз бунёди чанд нерӯгоҳи барқи обӣ ва офтобӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар, Тоҷикистон раванди ҷалби сармоягузоронро барои бунёди неругоҳи барқи обии "Шӯроб" бо иқтидори 1000 мегаватт ва якчанд неругоҳи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 2000 мегаватт оғоз кард.
Вай дар форуми "Душанбе Инвест – 2025" аз ширкатҳои манфиатдорро даъват кард, ки ба ин лоиҳаҳои ояндадор сармоягузорӣ намоянд.
Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки бо дарназардошти рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои нав талабот ба неруи барқ низ афзоиш меёбад.
“Дар ин асос, мо ният дорем, ки минбаъд низ ба соҳаи "энергетикаи сабз" сармоя ҷалб намоем, чунки иқтидори истифоданашудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар хеле зиёд аст”, - гуфт ӯ.
Вай илова капрд, ки Тоҷикистон ҳоло бо Ӯзбекистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон ҳамкориро ба роҳ монданд ва корҳои лоиҳакаширо дар ин самт ба анҷом расонидаанд.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2025
Вазири энергетика гуфт, кай лоиҳаи CASA-1000 ба кор медарояд
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон имкониятҳои бузургро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои азим дар соҳаи энергияи барқароршаванда – обӣ, офтобӣ ва бодӣ доро мебошад.
“Иқтидори солонаи неруи барқи обии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳамагӣ 5% он истифода мегардад”, - гуфт ӯ.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки ин имконияти беназирро барои сармоягузории дарозмуддат ба энергияи устувори оянда, ки талабот ба он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ афзоиш ёфта истодааст, муҳайё месозад.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд аввалин лоиҳаи фароминтақавии бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000-ро, ки шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад, татбиқ менамояд.
Вай афзуд, корҳои сохтмони лоиҳаи мазкур дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расида, дар қисмати Афғонистон дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0