Вазири энергетика гуфт, кай лоиҳаи CASA-1000 ба кор медарояд

© SputnikМинистр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2025
Обуна шудан
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки корҳои сохтмонии лоиҳаи CASA-1000 дар қисмати Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра ба анҷом расидаааст
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазири энеркетика ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти хабарияш хабар дод, ки лоиҳаи CASA-1000 соли 2027 ба кор хоҳад даромад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло корҳои сохтмонии лоиҳа дар қисмати Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик хатҳои интиқоли барқ вобаста ба пуружа миёни кишварҳо пайваст хоҳад шуд.
“Корҳои сохтмонӣ дар Покистон ҳам дар сатҳи баланд давом дорад ва дар назар аст, ки дар ин қисмат то нимаи соли ҷорӣ поён ёбад”, афзуд Далер Ҷумъа.
Мушкили асосӣ ба гуфтаи вазир, манъи маблағгузорӣҳо аз ҷониби шарикони рушд дар қисмати Афғонистон буд, ки хушбахтона дар пайи гуфтушунидҳои тӯлонӣ вобаста ба зарурияти тарҳ аз сар гирифта шуд.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2025
Вазир: таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба бозори нафти Тоҷикистон таъсир намегузоранд
“Корҳои сохтмонӣ дар ин қисмат дар назар аст, ки соли 2026 анҷом ёбад”,- қайд кард вазири тоҷик.
Ҳамчунин вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистон ба пайвастани Русия ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ манфиатдор аст.
“Таҷрибае, ки Федератсияи Русия дорад, махсусан дар муайян кардани шеваҳои [фаъолияти системаи энергетикӣ], дар таҳлили дурнамои рушд ва мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулодда, бебаҳо аст. Мо чунин мешуморем, ки ин як раванди муҳим аст ва онро баррасӣ карда истодаем”,- гуфт Далер Ҷумъа.
Лентаи хабарҳо
0