https://sputnik.tj/20251012/ushakov-rusiya-ankorij-guzasht-1072009244.html
Ушаков: Русия дар нишасти Анкориҷ гузаштҳо кард
Ушаков: Русия дар нишасти Анкориҷ гузаштҳо кард
Sputnik Тоҷикистон
Ушаков гуфт, созишҳое, ки дар Аляска аз ҷониби президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп ҳосил шуда буданд, асоси ҳалли мушкилот мебошанд
2025-10-12T11:41+0500
2025-10-12T11:41+0500
2025-10-12T11:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
юрий ушаков
русия
украина
буҳрон
амалиёт
владимир путин
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/10/1070082891_0:130:3181:1919_1920x0_80_0_0_4796625c3c7a5f6e4186760a3c361757.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар нишасти Анкориҷ Русия омодагии худро ба гузаштҳо барои ноил шудан ба ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Украина намоиш дод. Дар ин бора, Юрий Ушаков ёвари президенти Русия дар мусоҳиба бо "Коммерсант" гуфтааст.Созишномаҳои дар Аляска ҳосилшуда аз ҷониби президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп асос барои ҳалли ин мушкилот мебошанд ва "потенсиал"-и Анкориҷ тамом нашудааст, гуфт ёвари президенти Русия."Созишҳое, ки миёни ду президент дар Аляска ба даст омадаанд, танҳо пояи тамоми тавофуқҳост! Мо то ҳол дигаре надорем", - гуфт Ушаков. Ёвари раисиҷумҳури Русия қайд кард, ки то ҳол на ҷониби Русия ва на ҷониби Амрико изҳорот надодаанд, ки ин созишҳо кор намекунанд. Рӯзи 15 август дар Аляска музокироти президентҳои Русия ва ИМА баргузор шуд. Кишвардорон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ мулоқот карданд. Президентҳо роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ намуданд.Ҳарду раҳбар ин мулоқотро мусбат арзёбӣ карданд. Раисиҷумҳури Русия дар пайи ин нишаст изҳор дошт, ки имкон дорад ба низоъ дар Украина хотима бахшад ва ба манфиати Русия ба ҳалли дарозмуддати ин қазия таъкид кард. Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳадафи онро “ҳимояи мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд” унвон кард. Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20250930/tramp-zarurati-muloqot-putin-zelenskiy-takid-1071643151.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/10/1070082891_225:0:2956:2048_1920x0_80_0_0_3cb2718d6cdf94dd8de4094515928e2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрони украина, ҳал
Ушаков: Русия дар нишасти Анкориҷ гузаштҳо кард
Ушаков гуфт, созишҳое, ки дар Аляска аз ҷониби президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп ҳосил шуда буданд, асоси ҳалли мушкилот мебошанд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар нишасти Анкориҷ Русия омодагии худро ба гузаштҳо барои ноил шудан ба ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Украина намоиш дод.
Дар ин бора, Юрий Ушаков ёвари президенти Русия дар мусоҳиба бо "Коммерсант" гуфтааст.
"Рости гап, мо дар он ҷо гузаштҳои муайян кардем. Президенти мо омода аст, ки ин корро анҷом диҳад. Ва аз паҳлӯи мусбӣ, Доналд Трамп низ, метавон гуфт, бисёр чизро дарк кардааст; вай мушкилотро дарк мекунад", - гуфт Ушаков.
Созишномаҳои дар Аляска ҳосилшуда аз ҷониби президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп асос барои ҳалли ин мушкилот мебошанд ва "потенсиал"-и Анкориҷ тамом нашудааст, гуфт ёвари президенти Русия.
"Созишҳое, ки миёни ду президент дар Аляска ба даст омадаанд, танҳо пояи тамоми тавофуқҳост! Мо то ҳол дигаре надорем", - гуфт Ушаков.
Ёвари раисиҷумҳури Русия қайд кард, ки то ҳол на ҷониби Русия ва на ҷониби Амрико изҳорот надодаанд, ки ин созишҳо кор намекунанд.
"Агар мо ба чизе, ки муҳокима кардем, ба он чизе, ки амрикоиҳо розӣ шуданд, ниол шавем, пас мо ба як ҳалли осоишта мерасем",- гуфт ӯ.
Рӯзи 15 август дар Аляска музокироти президентҳои Русия ва ИМА баргузор шуд. Кишвардорон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ мулоқот карданд. Президентҳо роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ намуданд.
Ҳарду раҳбар ин мулоқотро мусбат арзёбӣ карданд. Раисиҷумҳури Русия дар пайи ин нишаст изҳор дошт, ки имкон дорад ба низоъ дар Украина хотима бахшад ва ба манфиати Русия ба ҳалли дарозмуддати ин қазия таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳадафи онро “ҳимояи мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд” унвон кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.