Русия ва Тоҷикистон саъй доранд самаранокии пойгоҳи 201-умро афзун кунанд

© Foto / Пресс-служба ЦВОРоссийские и таджикские военнослужащие на совместном учении в Таджикистане
Российские и таджикские военнослужащие на совместном учении в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Русия омода аст минбаъд низ дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон саҳм бигирад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав ва Душанбе бар ин назаранд, ки пойгоҳи 201-уми Русия омили аслии таъмини амният дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД аст
"Мо якҷоя бо дӯстони тоҷики худ барои баланд бардоштани самаранокии он, аз ҷумла дар рушди ҷузъи авиатсионӣ хеле бомуваффақият кор карда истодаем", - қайд кард роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Вай афзуд, Русия омодагии худро барои идомаи саҳмгузорӣ дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъйид кардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар навбати худ, масоили ҳамкориҳои амниятӣ ва низомиву фаннӣ дар рӯзномаи равобити дуҷониба бо Русияро муҳим хонд.
Переговоры министров иностранных дел России, Азербайджана и Армении в рамках трехстороннего формата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2024
Галузин аҳамияти пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро шарҳ дод
Дипломати тоҷик гуфт, хадамоти вижаи Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар умури ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ ва шарикони созмонҳои байналмилалии террористӣ ҳамкории хуб доранд.
Ба гуфтаи Лавров, вазъи душвори амниятӣ дар Афғонистон боқӣ мондааст, ки ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсир мегузорад.
Вазири Русия афзуд, ки ӯ ва ҳамтои тоҷикаш дурнамои густариши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0