Раҳмон: Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Республики Беларусь Александром Лукашенко
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Республики Беларусь Александром Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон ба Белорус ҳаҷми содироти меваю сабзавотва пахтаро афзоиш медиҳад, ин масъаларо низ кишвардорон баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо кишвардори Беларус Александр Лукашенко мулоқот кард.
Зимни мулоқот, Раҳмон Беларусро шарики стратегии Тоҷикистон хонд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии президенти ҶТ.
"Ҳамкорӣ бо шарики стратегии мо Ҷумҳурии Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост ва мо ба он манфиатдорем, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гарданд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар мулоқот, зарурати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҳам таъкид шудааст.
Ба масоили рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва саноат низ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.
"Сарони давлатҳо барои бештар фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ, изҳори алоқамандӣ намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Дар бахши кишоварзӣ ба масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва пахта ба Беларус ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Первая очередь совместного тракторостроительного предприятия Таджикистана и Беларуси в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2025
Сафир: Белорус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ пешравӣ доранд
Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва маориф ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Барои густариши робитаҳо дар бахши тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳа, низ табодули афкор сурат гирифтааст.
Дар доираи ҳамкорӣ дар ҷорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи ҷаҳон таъкид гардид.
Лентаи хабарҳо
0