https://sputnik.tj/20250827/safir-belorus-tojikiston-hamkorihoi-sanoati-peshravi-1070493551.html
Сафир: Белорус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ пешравӣ доранд
Сафир: Белорус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ пешравӣ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Белорус ният дорад ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон боз ҳам амиқтар кунад ва таъсиси корхонаҳои муштаракро афзоиш диҳад
2025-08-27T14:39+0500
2025-08-27T14:39+0500
2025-08-27T14:39+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102558/06/1025580661_0:148:4928:2920_1920x0_80_0_0_46f71fa3563010044c7815013eff9905.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар чанд соли ахир Беларус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд, гуфт сафири Беларус дар Душанбе Виктор Денисенко ба РИА Новости."Дар чанд соли ахир миёни Беларус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ пешравиҳои назаррас мушоҳида мешавад. Бо мусоидати мутахассисони белорусӣ корхонаи коркарди шири “ВАТАН”, корхонаи васлкунии лифтҳои белорусӣ "Могилевлифтмаш" ба кор андохта шуд ва дар майдони ҶСК "Агротехсервис" дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли техникаи кишоварзии Беларус ба кор андохта шуд", - гуфт сафир.Ҳамчунин сафир қайд кард, ки ҷониби Беларус ба ҳамкориҳои дарозмуддат бо шарикони тоҷики худ алоқаманд аст.Ба гуфтаи сафир, муваффақтарин лоиҳаи муштарак истеҳсолу васлкунии техникаи кишоварзии Беларус мебошад, ки дар корхонаи "Агротехсервис" роҳандозӣ шудааст. Ин корхона аз соли 2017 ба ин сӯ фаъолият мекунад ва ҳоло дар он маҷмӯи васеи техникаи Корхонаи тракторбарории Минск васл карда мешавад, ки на танҳо Тоҷикистон, балки ба Ӯзбекистонро ҳам таъмин мекунад.Вай зикр кард, ки дар соли 2025 нахустин комбайни ғалладаравии модели GS5 дар Тоҷикистон васл шуд, ки онро тарроҳони белорусӣ барои шароити кишвар махсус таҳия кардаанд."Ин боиси ифтихор аст, ки ҷониби Тоҷикистон низ ба чунин шаклҳои ҳамкорӣ муносибати мусбат дорад", - гуфт сафири Белорус дар Душанбе.Ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин бояд нақшаҳои нақлиётию логистикӣ барои коҳиш додани арзиши интиқоли коло, ки нисбат ба Қазоқистон 2,4 маротиба ва нисбат ба Қирғизистон 1,5 маротиба гаронтар аст, баррасӣ шаванд."Талаботи махсус ба ташкили парвозҳои мустақими вуҷуд дорад, ки ин имкон медиҳад, равобити дуҷонибаамон ба таври қобили мулоҳиза фаъол гардонем. Дар соли 2024 аз тамоми гузаргоҳҳои марзи давлатии Беларус 23 ҳазору 342 нафар ва аз моҳи январ то августи соли 2025 10 ҳазору 761 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дидан карданд. Мо умедворем, ки ин масъала низ ҳал хоҳад шуд", - афзуд дипломат.
https://sputnik.tj/20250826/safiri-belorus-khonai-savdo-tojikiston-markazi-minsk-sokhta-1070429747.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102558/06/1025580661_254:0:4627:3280_1920x0_80_0_0_849a66c8c46d854c17f308fc5d61f226.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, саноат, трактор
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, саноат, трактор
Сафир: Белорус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ пешравӣ доранд
Мақомоти Белорус ният дорад ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон боз ҳам амиқтар кунад ва таъсиси корхонаҳои муштаракро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар чанд соли ахир Беларус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд, гуфт сафири Беларус дар Душанбе Виктор Денисенко ба РИА Новости.
"Дар чанд соли ахир миёни Беларус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ пешравиҳои назаррас мушоҳида мешавад. Бо мусоидати мутахассисони белорусӣ корхонаи коркарди шири “ВАТАН”, корхонаи васлкунии лифтҳои белорусӣ "Могилевлифтмаш" ба кор андохта шуд ва дар майдони ҶСК "Агротехсервис" дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли техникаи кишоварзии Беларус ба кор андохта шуд", - гуфт сафир.
Ҳамчунин сафир қайд кард, ки ҷониби Беларус ба ҳамкориҳои дарозмуддат бо шарикони тоҷики худ алоқаманд аст.
"Мо барои амиқтар ва густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодии худ боварӣ дорем, аз ҷумла дар дурнамои мо таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди робитаҳои кооперативӣ ҳаст", - таъкид кард Денисенко.
Ба гуфтаи сафир, муваффақтарин лоиҳаи муштарак истеҳсолу васлкунии техникаи кишоварзии Беларус мебошад, ки дар корхонаи "Агротехсервис" роҳандозӣ шудааст. Ин корхона аз соли 2017 ба ин сӯ фаъолият мекунад ва ҳоло дар он маҷмӯи васеи техникаи Корхонаи тракторбарории Минск васл карда мешавад, ки на танҳо Тоҷикистон, балки ба Ӯзбекистонро ҳам таъмин мекунад.
Вай зикр кард, ки дар соли 2025 нахустин комбайни ғалладаравии модели GS5 дар Тоҷикистон васл шуд, ки онро тарроҳони белорусӣ барои шароити кишвар махсус таҳия кардаанд.
"Ин боиси ифтихор аст, ки ҷониби Тоҷикистон низ ба чунин шаклҳои ҳамкорӣ муносибати мусбат дорад", - гуфт сафири Белорус дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин бояд нақшаҳои нақлиётию логистикӣ барои коҳиш додани арзиши интиқоли коло, ки нисбат ба Қазоқистон 2,4 маротиба ва нисбат ба Қирғизистон 1,5 маротиба гаронтар аст, баррасӣ шаванд.
"Талаботи махсус ба ташкили парвозҳои мустақими вуҷуд дорад, ки ин имкон медиҳад, равобити дуҷонибаамон ба таври қобили мулоҳиза фаъол гардонем. Дар соли 2024 аз тамоми гузаргоҳҳои марзи давлатии Беларус 23 ҳазору 342 нафар ва аз моҳи январ то августи соли 2025 10 ҳазору 761 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дидан карданд. Мо умедворем, ки ин масъала низ ҳал хоҳад шуд", - афзуд дипломат.